Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Гадо - душмани гадо, аробакаш – душмани аробакаш»


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти милисаи ноҳияи Сино як аробакашро ба иттиҳоми куштори аробакаши дигар боздошт кардаанд.

Бино ба қавли шоҳидони ҳодиса, Шарифхон Ғозиев, мутаваллиди соли 1986, сокини кӯчаи Нахимови шаҳри Душанбе, ки бо аробакашӣ дар бозори «Деҳқон», воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе машғул буд, барои он боздошт шудааст, ки тақрибан соати 11-и рӯзи 14 сентябр бо аробакаши дигари ин бозор Қудратулло Султонов, зодаи соли 1967, сокини деҳаи Сангтӯдаи ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, вориди муноқиша шуда, ӯро сахт латукӯб кардааст. Ахирӣ дар натиҷа ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, аробакашҳои дигар ва издиҳоми атроф афроде ҳангоми латукӯби ин марди лоғари 46-сола аз сӯи ҷавони 27 - сола бетарафиро ихтиёр кард,ба имдоди ҷабрдида нарасиданд.

Ин мавриди аввалини куштори як аробакаш аз сӯи аробакаши дигар дар Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Мақомоти умури дохилаи ноҳияи Сино дар ин маврид тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз кардааст. То ба ҳол дақиқ нест, ки сабаби аслии муноқишаи ду аробакаш дар чӣ аст. Тибқи моддаи 104 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дидаву дониста куштани инсон аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

Дар гузашта раҳбарияти кишвар ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ карда буданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки аксарияти ҷавонони Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Русия мераванд.

Тибқи омори расмӣ, тайи ним соли 2013 ҳудуди 9400 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 11 дарсад зиёд аст. Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода, дар охирин нишасти матбуотии идорааш гуфта буд, ки мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои ИДМ(СНГ) бамаротиб камтар аст. Барои мисол, дар Русия агар сари 100 ҳазор кас 1700 ҷиноят содир шуда бошад, дар Тоҷикистон ин рақам 167 будааст.
XS
SM
MD
LG