Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Шансал барои танқиди ҳукумати Туркия


Барбароса Шансал, тарроҳи Туркия барои танқиди ҳукумат боздошт шуд.

Гуфта мешавад, ки пеш аз боздошт Шансал дар Қибрис буд ва бо пахши як навори видеоӣ дар YouTube, ҳукумати Туркияро ба боздоштҳои саросарӣ ва фасодкорӣ муттаҳам кард. Ба гуфтаи нашрияи Hurriyet, баъди ин Шансалро аз Қибрис ба Туркия истирдод карданд. Дар фурӯдгоҳ тарроҳро тӯдаи мардум интизор буд, ки мехостанд ба ӯ ҳамла кунанд, аммо пулис аз ин амал ҷилавгирӣ кард.

Боздоштҳои саросарӣ дар ҳоле оғоз шуданд, ки шаби 16 июли соли 2015 дар Туркия кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомот вазъи фавқулодда эълон карданд ва иҷрои Конветсияи Аврупоии ҳимоят аз ҳуқуқи инсон мутавақиф шуд.

Аввалин мурофиаҳои додгоҳӣ аз рӯи гумонбарҳои кӯшиши табаддулот охири моҳи декабр оғоз ёфт.

XS
SM
MD
LG