Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади сафири Юнон дар Бразилия ошкор шуд


Рио-де-Жанейро

Пулиси Бразилия мошинеро бо ҷасади сӯхтаи сафири Юнон ошкор кард. Ҳамсари сафир қаблан аз нопадид шудани ӯ ба пулис хабар дода буд. Ба гуфтаи пулис, дипломати Юнон чанд рӯз пеш мошинеро киро кард ва баъдан нопадид шуд. Бори охир Кириакос Амридиси 59 соларо рӯзи 26 декабр дида буданд.

Тавре "Globo.com" - шабакаи телевизионии Бразилия хабар медиҳад, пулис фарзияи рабуда шудани сафирро аз эҳтимол дур медонад, зеро касе барои фидя бо хонаводаи ӯ дар тамос нашудааст.

Кириакос Амиридис аз моҳи январ раҳбари намояндагии дипломатии Юнон дар Бразилия буд ва барои истироҳати солинавӣ ба Рио-де-Жанейро омад. Ин дипломат аз соли 2001 то 2004 дар мақоми консули генералии Юнон дар Рио-де-Жанейро фаъолият кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG