Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар мотами қурбониёни суқути ҳавопаймо


Ба хотири қурбониёни суқути ҳавопаймои ТУ-154, ки дар роҳ ба Сурия дар наздикиҳои Сочи афтид, 26 декабр дар Русия рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Ба фарзияи мақомот, дар ҳавопаймо 92 нафар, бо шумули 64 узви дастаи ҳунарии Александров ҳузур доштанд. Ин даста барнома дошт, ки дар пойгоҳи Ҳмеймими Сурия, дар назди низомиёни рус бо барномаи ҷашнӣ ҳунарнамоӣ кунад. Елизавета Галкина, раҳбари бунёди "Кумаки одилона", ки бештар бо номи "Доктор Лиза" маъруф аст, низ дар ин ҳодиса қурбон шуд.

Ҳавопаймои нахустин бо ҷасади 10 қурбонӣ аз Сочӣ ба Маскав парвоз кард.

Вазири нақлиёти Русия Максим Соколов гуфт, фарзияи аслии суқути ҳавопаймои ТУ-154 мушкили фаннӣ ва иштибоҳи сарнишин номбар мешавад. Мақомот фарзияи терроризмро низ соқит намекунанд, аммо ин фарзия дар қадами аввал матраҳ нест.

Қаблан Соколов гуфт, рӯзи душанбе мавҷгири садошинос дар ҷойи ҳодиса ба кор оғоз мекунад. Ба маълумоти Вазорати дифои Русия беш аз ҳазор сарбоз ба амалиёти ҷустуҷӯ ҷалб мешаванд. Домани кофтукоб то ба Абхозистон паҳн мешавад, зеро ба гуфтаи мақомот эҳтимол ҷараён баъзе пораҳоро ба он қаламрав бурдааст.

Александр Нерадко, раҳбари хадамоти ҳавонавардии Русия рӯзи якшанбе гуфт, ҳавойпаймоҳои навъи ТУ-154 Б2, дар ҳавонавардии мулкӣ фаъол нестанд ва танҳо аз ҷониби низомиён истифода мешаванд. Раиси хадамоти амнияти парвози нерӯҳои низомии Русия Сергей Банейтов гуфт, ҳавопаймои ТУ-154 қабл аз парвоз қобили истифода буд ва сарнишини аслӣ, пилоти низомии дараҷаи аввал Роман Волков бо ин ҳавопаймо борҳо ба Сурия парвоз кардааст.

XS
SM
MD
LG