Пайвандҳои дастрасӣ

Истифодаи маҳлули дӯлона ба ҷойи арақ 62 нафарро кушт. ВИДЕО


Пизишкон дар шаҳри Иркутск барои наҷоти заҳролудшудагони маҳлули дӯлона мубориза мебаранд. Шумораи дақиқи онҳое, ки ин маҳлул барои оббозиро истеъмол кардаанд, маълум нест, аммо теъдоди фавтидагон ба 62 нафар мерасад. Рӯзи 20 декабр дар бемористонҳои шаҳрӣ 40 нафар бистарӣ шуданд ва ҳоли аксарияташон бисёр бад аст. Бо вуҷуди онки дар барчаспи маҳлул навишта шудааст, хӯрданаш мумкин нест, Вале бархе онро оилавӣ истеъмол карданд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Яке аз заҳролудшудаҳо, ки дар бемористон табобат мегирад, гуфт, "ба мағоза даромадам ва харидам. Ҳатто шарм медорам, ки дар ин бора бигӯям. Маҳлули дӯлонаро дар шишаи 250 граммӣ мефурӯшанд. Бо шавҳару хушдоманам онро нӯшидем. Хушдоманам, мутаассифона, фавтид."

Маҳлули тиббӣ барои "дезинфексия"-ро дар Русия баъзеҳо ба ҷойи арақ менӯшанд, чун арзонтар будааст. Боло рафтани қиматҳо сабаби рӯ овардани теъдоди бештари мардум ба ин гуна маҳлулҳо шудааст. Онҳое, ки маҳлули заҳрогинро хӯрдаанд, худашон ба ёрии таъҷилӣ занг задаанд. Танҳо нафарони хуштолеъ зинда монданд.

Сабаби фавти оммавиро заҳршинос Алексей Третяков ба таркиби кимиёвии маҳлул ва миқдори истеъмолшудаи он рабт медиҳад. Вай гуфт, "таркиби ин маҳлул аз метанол иборат аст ва истеъмоли барзиёди он боис ба марги мардуми зиёд шуд. Метанол дар ҳаҷми 30-50 миллилитр аллакай кушанда аст. Аммо одамон аз ин меъёр ҳам бештар нӯшиданд."

Дар шаҳри Иркутск ҳолати фавқуллода ва мотам эълон шуд. Мақомот дар анбор ва фурӯшгоҳҳое, ки эҳтимоли нигаҳдорӣ ва фурӯши ин маҳлули мароговар вуҷуд дорад, рейдҳо анҷом медиҳанд. То поёни тафтишот фурӯши маводи спиртдошта, маҳлӯли дулона ва алкоҳоли сохта манъ шудааст. Пулис ду фурӯшгоҳи маҳлули заҳролуди дӯлонаро низ ошкор ва 11 нафарро боздошт кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG