Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, Фатҳуллоҳ Гулен – рӯҳонии турки муқими Амрикоро "масъули террори сафири Русия" эълон кардааст. Расонаҳои давлатии Туркия гуфтанд, Човушоғлу ин масъаларо рӯзи 20 декабр дар сӯҳбати телефонӣ бо Ҷон Керрӣ – вазири умури хориҷии Амрико – низ баён дошт. Бино ба гузоришҳои мунташиршуда дар хабаргузории "Анатолия"-и Туркия, Мавлуд Човушоғлу ба Ҷон Керрӣ гуфтааст, "ҳам Туркия ва ҳам Русия медонанд, ки мактаби террористии Гулен пушти қатли Андрей Карлов қарор дорад."
Пас аз табаддулоти нокоми тобистони соли ҷорӣ дар Туркия, теъдоди зиёде аз низомиён ва кормандони давлатӣ бинобар ҳимояташон аз ин кудето ва пайванд бо гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гулен, боздошт шудаанд.
Хабаргузории "Франс-Пресс" тамоси телефонии вазири умури хориҷии Туркияро ба нақл аз хабаргузории давлатии Туркия нашр кардааст. Рӯзномаи туркии "Сабоҳ" низ гузориши монандро дар мавриди тамоси телефонии Човушоғлу бо Ҷон Керрӣ чоп намудааст.
Чанд соат пеш аз интишори ин гузориш, Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, гуфта буд, "ҳар назарияе, ки бигӯед, Амрико ба ҳар шакле аз ин мавзӯъ (террори сафири Русия) ҳимоят кардааст ё пушти он қарор дорад, ё ҳатто ба шакли ғайримустақим дар он даст доштааст, қатъан хандаовар аст."
Фатҳуллоҳ Гулен, хатиб ва мухолифи сарсахти ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон, солҳост, ки дар Амрико ба сар мебарад. Анкара ӯро ба раҳбарии табаддулоти нофарҷом дар тобистони имсол низ айбдор медонад ва борҳо аз Амрико хостааст, ки ӯро таслим кунад. Амрико мегӯяд, ки танҳо дар сурати ироаи санаду далелҳои инкорнашаванда истирдоди ӯ мумкин мебошад.
Гулен дар навбати худ террори сафири Русия дар Анкараро маҳкум карда ва онро "иқдоме бисёр зишт" номидааст.
Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара, шоми 19 декабр аз сӯи як пулиси ҷавони турк ба қатл расид. Владимир Путин, президенти Русия ин қатлро талоше барои барҳам задани ҳамкориҳои Маскаву Анкара бар сари Сурия, донист. Вазирони умури хориҷии ин ду кишвар ва Эрон пас аз ин ҳамла, бо ҳам мулоқот карданд, масъалаи Сурияро баррасӣ намуданд.
Пас аз табаддулоти нокоми тобистони соли ҷорӣ дар Туркия, теъдоди зиёде аз низомиён ва кормандони давлатӣ бинобар ҳимояташон аз ин кудето ва пайванд бо гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гулен, боздошт шудаанд. Худи Гулен даст доштанаш дар ин табаддулотро рад кардааст.