Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон куштори сафири Русияро маҳкум кард. ВИДЕО, САДО


Андрей Карлов
Андрей Карлов

Тоҷикистон қатли Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркияро шадидан маҳкум кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20 декабр бо пахши изҳороти расмӣ тирандозӣ ба сӯи Андрей Карлов дар осорхонае дар Анкараро "амали ғайриинсонӣ" номид ва гуфт, ки "ин ҳодиса ба вайрон намудани тамоми меъёрҳои низоми ҷаҳони мутамаддин равона шудааст." Андрей Карлов шоми 19 декабр, ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи аксҳои "Русия аз назари туркҳо" дар Анкара бо зарби тир кушта шуд.

Ин амали ваҳшиёна бевосита ба мушкили умумиинсонӣ, аз қабили терроризму экстремизм вобаста аст.
Аз изҳороти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Мақомот гуфтанд, номаи расмии Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба унвонии ҳамтои русаш Сергей Лавров низ ирсол шудааст. Дар нома таъкид шудааст, "ин амали ваҳшиёна бевосита ба мушкили умумиинсонӣ, аз қабили терроризму экстремизм вобастагӣ дошта, дар мубориза бар зидди он Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавқеи ягона доранд."

Тоҷикистон куштори сафири Русияро маҳкум кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим

Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ҳамкории Маскаву Душанбе бар зидди чунин чолишҳо дар муносибатҳои дуҷониба мақоми афзал дорад. "Дар оянда низ барои таҳкими талошҳои муштарак дар сатҳи дуҷонибаву бисёрҷониба тамоми чораҳои имконпазир андешида мешаванд", - таъкид шудааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон. Дар ҳамин ҳол, сафорати Русия дар Душанбе эълон кард, ки рӯзҳои 20 ва 21 декабр китоби изҳори тасаллиятро боз кардааст.

Масъулини сафоратхонаи Тоҷикистон дар Анкара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар намоишгоҳе, ки дирӯз бо ташаббуси сафорати Русия доир шуду ба маҳалли фоҷеа табдил гашт, намояндагони Тоҷикистон иштирок накарданд. Як намояндаи сафорат гуфт, ки қарор аст имрӯз дар Анкара дипломатҳои тоҷик дар маросими ҷанозаи Андрей Карлов иштирок кунанд. Ҷасади сафири кушташудаи рус қарор аст худи имрӯз ба Маскав барои хоксупорӣ дар ватанаш интиқол дода шавад.

Андрей Карлов соли 1954 таваллуд шуда, як дипломати собиқадор буд. Вай аз соли 1976 дар Вазорати умури хориҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ кор карда, соли 2013 раҳбарии сафорати Русия дар Анкараро бар ӯҳда гирифт.

Куштори ӯ рӯзе пеш аз мулоқоти вазирони умури хориҷии Русия, Туркия ва Эрон дар шаҳри Маскав сурат гирифт, ки мавзӯи аслиаш баррасии вазъи Сурия аст. Аз моҳи сентябри соли 2015 Русия дар Сурия амалиёти ҳарбии ҳавоиро ба пуштибонӣ аз режими президент Башор Асад бар зидди шӯришиёни мухолифи ӯ шурӯъ кардааст. Эрон, ки аз муттафиқони Русия мебошад, инчунин, як пуштибони Асад аст ва Туркия, баръакс, аз душманони Асад пуштибонӣ мекунад.

Раҳбарони Русия ва Туркия қатли Андрей Карловро талоши халалдор кардани муносибати Маскаву Анкара донистанд. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, низ гуфт, "муносибати Русия ва Туркия дар ин авохир рӯ ба беҳбудӣ ниҳода буд. Баъзе нерӯҳо дар ҳарос буданд ва эҳтимол ин ҳодиса тарҳрезишуда бошад."

Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00

Коршиноси мустақил Нуралӣ Давлат мегӯяд, бо вуҷуди онки ҳамлавар ишора кардааст, барои Ҳалаб қасос мегирад, "вале мунтазир бояд шуд, то ҷузъиёти ҳодиса ошкор шавад. Зеро мо намедонем ин шахс ба кадом созмон ва ё гурӯҳ шомил аст ва фармоишгари ин амали террористӣ чӣ гурӯҳестаст?" Вай афзуд, "дуруст аст, ки муносибати Туркия ва Русия рӯ ба беҳбуд овардааст ва онҳо тасими гирифтанд, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ ҳамкорӣ кунанд ва ин метавонад як аксуламале барои хароб кардани муносибати ду кишвар бошад."

Кушта шудани Андрей Карлов дар Анкара вокунишҳои байналмилалиро ба дунбол дошт. Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, ин ҳодисаро маҳкум карда ва гуфтааст, "террори як сафир нақзи ҳама қонунҳои мутамаддин аст ва бояд тавассути ҳама маҳкум шавад." Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико низ дар баёнияе куштори сафири Русияро маҳкум карда ва аз омодагии Иёлоти Муттаҳида барои кумак ба Русия ва Туркия дар анҷоми таҳқиқот дар ин маврид хабар дод. Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Бритониё, Фаронса ва кишварҳои дигар низ куштори Андрей Карловро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG