Болои қабри президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримов дар Самарқанд мақбара сохта мешавад. Рӯзи 19 декабр як комиссияи давлатӣ шакли "Маҷмааи ёдгории Ислом Каримов"-ро баррасӣ кардааст.
Дар ҳоли ҳозир ду шакли мақбара баррасӣ мешавад. Шакли аввали мақбара аз 200 метри мурабаъ иборат аст, аммо шакли дувум дорои манораҳост. Комиссияи давлатӣ ҳанӯз ба хулоса нарасидааст, ки кадоме аз ин лоиҳаҳоро интихоб кунад. Ахиран пешниҳод шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Раёсати динии Узбакистон лоиҳаи севум омода шавад.
Давоми се моҳи охир чандин президенти кишварҳои гуногун ва мансабдорони раддаҳои аввали давлатҳо ба зиёрати қабри Ислом Каримов омаданд. Дар ҳоли ҳозир болои гури Каримов чодари муваққатӣ насб шудааст.
Ба ҷуз аз бунёди мақбара болои қабри Каримов, мақомот ният доранд дар Самарқанд ва Тошканд пайкараи президенти нахустини Узбакистонро бунёд кунанд.