Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Сафири Амрико дар Душанбе масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ миёни ин ду кишварро баррасӣ кардааст. Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ин дидор Шукурҷон Зуҳуров ба таърих ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Амрико таъкид карда ва гуфтааст, ҳоло дар кишвар 50 корхонаи муштарак ва 9 корхонаи сирф амрикоӣ фаъолият карда, ИМА ба Тоҷикистон ба миқдори 600 миллион доллар кумаки башардӯстона расондааст.
Ҷаноби Зуҳуров бо ишора ба сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии ин кишвар гуфтааст, ки кишвараш метавонад бо Амрико дар бахшҳои энержӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкориҳои судманд дошта бошад.
Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, ки барои Тоҷикистон ва Амрико имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад ва парлумонҳои ду кишвар метавонанд дар таҳкими робитаҳои нақши муҳим ифо намоянд.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард низ хостори густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварашон бо парлумони Тоҷикистон шуда ва гуфтааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа имрӯз нақши муҳим мебозад. Дар мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба вазъи минтақа ва ҷаҳон ва вазъияти Афғонистон табодули назар карда шудааст.