Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шикояти Мустафо Ҷамиловро баррасӣ мекунад


Мустафо Ҷамилов
Мустафо Ҷамилов

Додгоҳи олии Русия имрӯз дархости вакили порлумони Украина, роҳбари тоторҳои Қрим Мустафо Ҷамиловро баррасӣ мекунад. Ҷамилов панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба ҳудуди Русия маҳрум шудааст.

Мустафо Ҷамилов - шаҳрванди Украина, раиси пешини маҷлиси халқии тоторҳои Қрим аст, ки зидди ғасби Қрим мавқеъгирӣ мекунад. Соли 2014 Ҷамиловро аз ҳаққи вуруд ба ҳудуди Русия маҳрум карданд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, вай изҳороти тундгароёна дорад. Дар ҳамин ҳол, дар Русия Ҷамиловро бо се моддаи ҷиноятӣ айбдор мекунанд, аммо мақомот ин моддаҳоро номбар накардаанд. Вай дар ғайбаш ба ҳабс маҳкум шуда, дар пайгарди федеролӣ қарор дорад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти Русия фаъолият маҷлиси тоторҳоро дар ҳудуди Қрим манъ ва ин созмонро дар тундгароӣ айбдор кард. ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Украина ва Туркия манъи маҷлисро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG