Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Шри-Ланка


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 декабр бо сафари расмӣ ба Шри-Ланка рафтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар умури равобити хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, ёвари президент дар умури рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, Раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Шри-Ланка то рӯзи 14 декабр идома мекунад. Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин сафари худ, ба Ҳинд меравад ва бо мақомоти он кишвар гуфтугӯ мекунад. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳинд то 18 декабр идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG