Хадамоти амнияти Украина алайҳи ҳунарманди синамои рус Иван Охлабыстин парвандаи ҷиноӣ боз кард. Охлабыстин ба таъсиси гурӯҳи террористӣ муттҳам шудааст. Қонуни Украина барои ин ҷурм аз 8 то 15 соли зиндонро дар назар дорад.
Изҳороти ин ҳунарманд дар мавриди дарёфт кардани шиносномаи Ҷумҳурии худгардони Донетск ҳамчун асоси парванди ҷиноӣ номбар мешавад. Охлабыстин ҳангоми гирифтани шиноснома Ҷумҳурии худгардони Донетскро "такягоҳи ҷаҳони рус" номид, "баҳори русро дар Украина" бо шодӣ таҳният гуфт ва аз ишғоли Қрим пуштибонӣ кард.
Мушовири сарвари Вазорати дохилии Украина Антон Геращенко Ийолоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврпуо, Исроил ва Ҷопон даъват кард, ки алайҳи Иван Охлабыстин таҳрим ҷорӣ кунанд.
Соли 2014 Хадамоти амнияти Украина, бинобар мавқеи зиддиукраинияш вуруди Охлабыстинро ба қаламрави ин кишвар мамнӯъ кард. Намоиши беш аз 70 филм ва сериал, ки Охлабыстин дар онҳо нақш офаридааст, дар Украина манъ шудаанд. Ҳунарманди рус ҳамчунин ба "рӯхати сиёҳ"-и он фаъолони фарҳанг ворид шудааст, ки ба фарзияи Украина ба амнияти миллии ин кишвар таҳдид мекунанд.