Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷористон рафт


Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон рӯзи 27 ноябр барои иштирок дар «Саммити оби Будапешт» ба Маҷористон (Венгрия) рафтааст. Дафтари матбуоти президент гуфт, дар ин сафар оқои Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, додситони кулл Юсуф Раҳмон, вазири саноат Шавкат Бобозода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Қодири Қосим ҳамроҳӣ доранд. Ҷузъиёти аз ин бештари сафари Эмомалӣ Раҳмон дар даст нест. Тоҷикистон то кунун даҳсолаи об барои ҳаётро баргузор карда, як даҳсолаи дигари «Об барои рушди устувор»-ро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст. Аммо соҳибназарон мегӯянд, бо вуҷуди баргузории даҳҳо ҳамоиш датрасии сокинон дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ мушкил аст ва сокинон аз садҳо метр бо хару ароба об мекашонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG