Комиссияи Аврупо пешниҳод дорад, ки ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз вуруд ба минтақаи Шенген санҷида шаванд.
Низоми санҷиш ба низоми амрикоӣ монандӣ дорад: пешниҳод мешавад, ки аз воридшавандагон маблағ ситонида ва тамоми маълумоташон гирифта шавад. Танҳо дар он сурат ба Иттиҳоди Аврупо роҳ дода шаванд.
Ҳаҷми пардохти эҳтимолӣ панҷ евро муқаррар шудааст. Тавре Комиссияи Аврупо интизор дорад, дар сурати қабул шудани пешниҳод, 97 дарсади муроҷиаткунандагон ба Иттиҳоди Аврупо ворид мешаванд ва ҷавоб дар бораи вуруд ҳамон рӯзи пешниҳоди дархост омода мешавад.
Гуфта мешавад, пешниҳоди мазкур аз сӯи кишварҳои узв ва порлумони Аврупо қабул ва сар аз соли 2020 ба иҷро медарояд.