Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси Назарбоев дар пули 10-ҳазортангаӣ нашр шуд


Дар Қазоқистон сар аз 1 декабри соли равон пули миллии 10-ҳазор тангаӣ бо акси Нурсултон Назарбоев ба муомилот мебарояд.

Ин пулро, ки бахшида ба 25-умин солгарди истиқлоли давлатии Қазоқистон нашр шудааст, Даниёр Акишев, раиси Бонки миллии ин кишвар зимни конфронси "25 соли истиқлоли Қазоқистон: пулли миллӣ" дар Қасри сулҳу ваҳдат муаррифӣ кардааст.

Дар ин ҳамоиш инчунин тангаи ёдгорӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Қазоқистон низ рӯнамоӣ шудааст. Даниёр Акишев гуфтааст, "таърихи истиқлоли Қазоқистон бо шахсияти Назарбоев пайванди ногусастанӣ дошта, пули нав саҳми президентро дар пешрафти кишвар бозтоб медиҳад".

Акишев афзудааст, ки тасвирҳои рӯйи дар пул шакли содаву фаҳмои баёни ғояҳои давлатдорӣ буда, расми шахсиятҳои таърихӣ Нелсон Мандела, Мустафо Камол Отатурк, Куан Ю, Уинстон Черчилл ва раҳбарони дигари сатҳи ҷаҳонӣ низ дар пули кишварҳояшон нашр шудааст.

Пули миллии Қазоқистон - танга 15 ноябри соли 1993 ба муомилот баромада, тайи ин 23 сол борҳо қурбашро аз даст додааст. Соли 2000 дар ин кишвар пулҳои бидуни акс нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG