Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Могерини: ИА сиёсаташро нисбати Русияро тағйир намедиҳад


Иттиҳоди Аврупо (ИА), сарфи назар аз эҳтимоли тағйири амалкари кишварҳои дигар, ният надорад, ки сиёсаташро нисбати Русия иваз диҳад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ИА Федерика Могерини хабар додааст.

Вай афзудааст, ки мавқеи ИА нисбати ғасби Қрим ва вазъи Украина бе тағйир боқӣ мемонад, аммо бо Русия дар мавриди мубориза бо терроризм, барномаи ҳастаии Эрон ва низоъи Шарқи Наздик муколамаи созандаеро идома медиҳад.

Ҳафтаи гузашта хабаргузории Reuters бо такя ба манбаъҳои худ иттилоъ дод, ки ИА ният дорад моҳи декабри соли ҷорӣ таҳримҳои зидди Русияро тамдид кунад. Ба иттилои хабаргузорӣ, вакилони ИА нигаронанд, ки баъди савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп мумкин аст, тамдид таҳримҳо душвор шавад.

Пештар аз ин 157 шаҳрванди Русия, аз ҷумла, қисме аз вакилони Думаи давлатии ин кишвар, ки аз Қрим интихоб шудаанд, ба рӯйхати сиёҳи ИА шомил карда шуданд.

XS
SM
MD
LG