Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи асрори Секунҷаи Бермуд


Bermuda triangle
Bermuda triangle

Гуруҳи муҳаққиқон бо роҳбарии Стив Миллер аз Донишгоҳи иёлати Колорадои Амрико дар кашфи асрори Секунҷаи Бермуд шарҳи наве пешниҳод кардаанд. Дар ин Секунҷа дар сад соли охир наздики 75 ҳавопаймо ва садҳо киштӣ нопадид шудааст. Ба андешаи муҳаққиқон, ин нопадидшавӣ падидаи бемисли метеорологӣ - "таркиш"-и абрҳои шашкунҷа аст.

Олимон дар натиҷаи мушоҳидаи абрҳои дорои шашкунҷа дар наздикиҳои минтақаи Секунҷаи Бермуд ба ин хулоса расидаанд. Тавре онҳо шарҳ медиҳанд, ин абрҳо дар зоти худ "бомбаҳои ҳавоӣ" ва манбаи нузули кӯтоҳмуддати ҳаракати ҳаво ҳастанд.

Агар чунин мавҷи абрҳои пуриқтидор ба ҳам бархӯранд, метавонанд талотуми азиме ба вуҷуд оранд ва дар натиҷа барои ҳавопаймоҳо ва киштиҳо хатари бузурге пайдо мешавад. Тавре олимон мегӯянд, хулосаи онҳоро иттилои моҳвораӣ низ тасдиқ мекунад.

Секунҷаи Бермуд, ки дар уқёнуси Атлантика миёни иёлати Флорида, ҷазираҳои Бермуд ва Пуэрто-Рико паҳн шудааст, бо он маъруф аст, ки шумори зиёди ҳавопаймоҳо ва киштиҳоро "фурӯ" бурдааст.

XS
SM
MD
LG