Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахнагари сайтҳои Амрико дар Прага боздошт шуд


Пулиси Ҷумҳурии Чех як шаҳрванди Русияро бо гумони кибер-ҳамлаҳо ба сомонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздошт кард. Мақомоти пулис номи ин нафарро ошкор накарданд, аммо гуфтанд, ки ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Дар гузориши пулис омадааст, ки кормандони шӯъбаи тафтишоти пулиси ҷиноии Чех амалиёти муваффақеро дар ҳамдастӣ бо Бюрои федеролии тафтишоти Амрико - FBI анҷом доданд. Қарори боздошти ин шаҳрванди Русияро додгоҳи шарҳи Прага содир кардааст.

Ин шаҳрванди Русия дар тарабхонаи яке аз меҳмонхонаҳои Прага боздошт шуд ва зуҳури пулис барои ӯ он қадар ғайриинтизор буд, ки ҳеҷ муқовимат накард ва аз ҳуш рафт. Ин шаҳрванди Русия барои кумаки тиббӣ ба бемористон интиқол ёфт. Акнун пулиси Чех бояд масъалаи истирдоди гумонбари ҳамлаҳои "ҳакерӣ"-ро ба Амрико баррасӣ кунад. Русия ин хабарро то ҳол шарҳ надодааст.

Аввалҳои моҳи октябр ҳукумати Амрико Русияро расман ба даст доштан дар ҳамлаҳои "ҳакерӣ" ба Ҳизби демократ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ муттаҳам кард. Амрико гуфт, сухан аз нашри муҳтавои мукотибаи электронии сиёсатмадорони амрикоӣ дар сомонаҳои DCLeaks ва WikiLeaks аст. Маскав иттиҳомро рад кард ва сухангӯи Кремлин онро "гапи беҳуда" номид.

XS
SM
MD
LG