Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Отамбоев аз якпорчагии Гурҷистон


Раҳбари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфт, ки кишвараш аз тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ мекунад. Отамбоев рӯзи 13 октябр баъди гуфтушунид бо президенти Гурҷистон Георги Маргелашвили гуфт, ки ҳамагуна низоъ бояд бо роҳи мусолиматомез ҳал шавад, на бо роҳи низомӣ.

Русия баъди як ҷанги кӯтоҳ бо Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ҳамчун давлатҳои мустақил эътироф кард. Аз он замон Русия нерӯи низомиашро дар қаламрави ин ду минтақаи ҷудоиталаб мустақар кардааст.

Раҳбари Қирғизистон сафари дурӯза ба Гурҷистонро рӯзи 12 октябр оғоз кард. Мергвелишвили сафари Отамбоев ба Гурҷистонро як ҳодисаи "таърихӣ" унвон кард.

XS
SM
MD
LG