Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Гурҷистон ба Русия аз мудохила ба умури кишварҳои собиқ шӯравӣ


Президенти Гурҷистон Георги Маргвелашвилӣ гуфт, ки Русия бояд бо ҷумҳуриҳои шӯравии пешин ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ бархӯрд кунад. Дар як сӯҳбат бо радиои Аврупои озод/Радиои Озодӣ рӯзи 30 сентябр Маргвелашвилӣ гуфт, Русия чунин мепиндорад, ки “дар қаламравҳои хориҷаи наздики мавриди назари Русия қонунҳои байналмилалӣ пурра ва ё қисман риоя намешаванд”. Баъди ҷанги кӯтоҳмуддати августи соли 2008 бо Гурҷистон Русия манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанбуиро ҳамчун ҷумҳуриҳои мустақил эътироф кард. Дар ин қаламравҳо ҳазорҳо сарбози рус мустақар шудааст. Маргвелашвилӣ гуфт, ки “Ғарб бемаънӣ ва айни замон, як фоҷеа будани рӯйдодҳои соли 2008-ро, ки баъдан ба ҳавосиди соли 2014-и Украина сабаб шуд, пурра дарк намекунад”.

Моҳи марти соли 2014 Русия нимҷазираи Қримро ғасб кард ва ҳоло манотиқи шарқии Украина аз ҷониби ҷудоихоҳон назорат мешавад. Маргвелашвилӣ аз Ғарб тақозо кард, ки барои Маскав “ғайри қобили қабул” будани истифодаи нирӯ зидди кишварҳои мустақил ва соҳибихтиёрро фаҳмонад.

XS
SM
MD
LG