Ӯ ҳамчунин ба даст доштан дар тарҳрезии таркишҳои 17-уми сентябр дар Ню Йорк ва Ню Ҷерсӣ, гумонбар дониста мешавад. Дар ин таркиш дар маҳаллаи Челсӣ дар маркази Ню Йорк 29 нафар захм бардоштанд.
Раҳамӣ шоми душанбе дар шаҳраки Линдени Ню Ҷерсӣ боздошт шуд. Ӯро баъд аз он дастгир карданд, ки соҳиби як тарабхона ӯро дар пушти дар хуфта ёфт ва ба пулис занг зад. Раҳамӣ баъди тирпарронӣ боздошт шуд ва захмҳои сабук бардоштааст. Аввалин далел алайҳи ӯ навори дурбинҳои назоратӣ аст. Раҳамӣ дар ибтидо бо борхалтаи калон дар кӯчаи рақами 23 каме пештар аз таркиш ба навор афтодааст. Баъдан дурбин ӯро дар кӯчаи рақами 27 дар маконе сабт кардааст, ки аз он ҷон як абзори худсохти тарканда ёфтанд.
Маълум шудааст, ки дар тӯли панҷ соли ахир Раҳамӣ вақти зиёди худро бо наздиконаш дар Афғонистон ва Покиситон сипарӣ кардааст. Баъди бозгашт аз ин ду кишвар мақомот ӯро бозпурсӣ карданд ва азбаски посухҳояш шубҳабарангез набуданд, ӯро ҷавоб доданд. Хадамоти Тафтишотии Амрико дар бораи вуҷуди ҳалқаи террористӣ дар Ню Йорк маълумот надорад.
Раҳанӣ ҳамчунин ба тарҳрезии таркишҳо дар шаҳраки Сисайди шаҳри Ню Ҷерсӣ гумонбар дониста мешавад. Абзори тарканда дар қуттии партоб ҷой дошт ва дар ин ҷо бояд марофон ё дави хайрия бо ибтикори нерӯҳои баҳрии Амрико баргузор мешуд. Касе инҷо осеб надид. Каме дуртар аз инҷо ду бомбаи нотаркидаи дигар ошкор шуд. Ба ғайр аз ин дар шаҳре ки Раҳамӣ зиндагӣ мекард, халта бо панҷ абзори тарканда пайдо шуд ва вақти таҳқиқи халта бо робот яке аз бомбаҳо таркид. Рӯзи душанбе Маҷмаъи кулли СММ дар Ню Йорк ба кор сар кард ва тадобири амниятӣ дар шаҳр таҳким ёфтанд.
Дар манотики тахти назорати хукумат хам сангсоркунию халкаовез (ба дор кашидан) дида мешавад. Солхои пеш дар замони президентии Раббони дар порки Зарнигори Кобул одамонро ба дор мекашиданд. Баъд аз омадани амрикоихо вазъ каме хубтар шуд. Вале холо хам уламои ифроти ба сиёсати давлат фишор меоранд. Ба наздики Вазорати маориф сурудхонии духтарони аз 12 сола болоро дар макотиб мамнуъ кард, ки чомеаи мадани инро сахт такбех намуда икдоми толибони номгузори намуд. Ба наздики ба овозхон Вачиха волии Хирот ичозати баромадро надод. Махдудиятхои демократи дар мамлакат аз тарафи уламои ифротии халкаи хукумат рохандози мешаванд. Таъсири уламои ифротии ислом ба сиёсати давлат ба хеч вачх ба таъмини озодихои мадани дар кишвар мусоидат карда наметавонанд.
Нархо озод аз хамин сабаб инсоф нест. Точирон хозирам хонасози заминхари доран пули хуб кор карда истодаанд.
Инхо беш аз 20 Сол шуд ин бозии бе бурдро мебаранд ва бо хамкори бо коргарони милиса дар назди бозори саховатииш Кулоб ё ин Ки дар пушти (домбит) ё Ки дар назди (чойхоной бадахшони кухна) дар назди Вакзал кутохи гап дар Ширли Бозор чойхой серодам...
Шараф, агар камтар компютери болои гарданатон кор кунад, як ҳӯй кунед чӣ, барои чӣ паспорти давлатҳои дигарро накардаанд? Шояд гирифтани паспорти тоҷикӣ барои хадамоти ҷосусии дигар давлатҳо осонтар будагист? Ё онҳо медонанд, ки Тоҷикистон аз тарс, ба қавле, "ниқ" ҳам намегӯяд? Чанд сол пеш паспорти тоҷикиро афғонҳои қочоқбар мисли картошка хариду фурӯш мекарданд. Акун навбати спецслужбаҳо шудагӣ? Агар давлати Точикистон карахт шудаи фарсуда намешуд, бояд ҳоло мегуфтанд ки паспорт ҳақиқист ё қалбакӣ. Худи ҷавоби он ки "ҳоло рӯзи истироҳат аст" барои мақомоти амниятиву бехатарӣ хандаовар не, даҳшатовар аст. Метарсам сарҳадро ҳам ҳамин тавр нигаҳбонӣ мекунанд, ки аз боло Қирғиз аз поён афғон зада хоки моро гирифта истодааст. Ё ин гапҳом хато мӣ?
Мегуй мо зиндагии хуб дорем... ғорҳои мо вагону, будкаву, қабристонҳо. Дар Россия дар ҷангал хоб мекардем. И ҳукумато калимай сер шуданро надоранд, 15 миллион доллара, ки як рейсаш буд, ошкор шуд, ҳайфини боқимундаҳош.