Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кашмир 17 сарбози Ҳиндро куштанд


Дар натиҷаи ҳамла ба як урдӯгоҳи сарбозон дар вилояти Кашмири таҳти контроли Ҳинд 17 сарбози ин кишвар кушта шудааст. Дар ин ҳамла чаҳор нафар аз тундравони ҳамлакарда ба урӯгоҳ низ кушта шудаанд. Ба гуфтаи маъмурони пулис, гурӯши ошӯбгарони мусаллаҳ субҳи 18-уми сентябр ба ӯрдӯгоҳи сарбозон дар шаҳри Урӣ дар наздикии марз бо Покистон пинҳонӣ ворид шуда ва сарбозонро бо аслиҳаву норинҷак ҳадаф гирифтаанд. Баъди қатли як фармондеҳи шинохтаи кашмирӣ аз тарафи нерӯҳои Ҳинд дар моҳи июл эътироз ба зидди кишвар дар ин вилоят зиёд шуд. То кунун 80 нафар дар натиҷаи даргирии сарбозон ва мардум кушта шудаанд. Вилояти аксаран мусулмоннишини Кашмир байни Ҳинду Покистон тақсим шудааст, вале бисёре аз мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд тарафдори мустақилият ва ё пайвастан ба Покистон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG