Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони хориҷаи Тоҷикистону Узбакистон


Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз Комилов
Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз Комилов

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Абдулазиз Комилов, ҳамтои узбакистонии худ мулоқот кардааст. Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, мулоқот рӯзи 15 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифтааст. Бино ба хабари вазорат, "дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд." Ду тараф дар бораи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ низ гуфтугӯ кардаанд. Дар ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов бо вазири умури хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев низ суҳбат карда, масъалаи таъини хатти марз, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ намудааст.

XS
SM
MD
LG