Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Даргузашти Каримов талафоти ҷуброннопазир аст


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, даргузашти Ислом Каримовро барои сокинони Узбакистон тасаллият гуфт Оқои Раҳмон шоми 2-юми сентябр бо ирсоли паём даргузашти Ислом Каримовро “талафоти вазнину ҷуброннопазири мардуми дӯсти ӯзбек” дониста ва гуфт, ин хабарро дар Тоҷикистон “бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтанд”.

“Ислом Абдуғаниевич ҳамчун ходими барҷастаи давлатие, ки аз бисёр ҷиҳат хислату мазмуни як давраи томи таърихиро дар рушди мамлакаташ пас аз соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ муайян кардааст, абадан дар таърихи мардуми ӯзбек сабти ном шуд. Ба шарофати фарзонагӣ ва дурандешиаш ӯ эътирофи умум гашта, ба ҳайси сиёсатмадори фарохмиқёс берун аз марзҳои кишвари худ низ соҳиби обрӯи шоиста гашта буд,” - таъкид кардааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Мақомоти Узбакистон шоми 2-юми сентябр даргузашти Ислом Каримовро тасдиқ карда ва дар ин кишвар се рӯз мотами миллӣ эълон намуданд.

XS
SM
MD
LG