Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Газмановро ба Литва роҳ надоданд

Олег Газманов, овозхони шинохтаи Русия, ки бо таронаи миллатгароёнаи "Истеҳсоли СССР" маъруф аст, ба қаламрави Литва роҳ наёфт. Газманов рӯзи 17 август дар саҳифаи Инстаграм навишт, ки марзбонҳо дар фурӯдгоҳи Вилнюс ба ӯ гуфтанд, ки номаш дар рӯйхати "афроди номатлуб" барои Литва шомил аст.

Вазири хориҷии Литва Линас Линкявичус рӯзи 18 август гуфт, ки "Газманов барои таблиғи амалкардҳои хушунатомези Русия дар нисбати ҳамсояҳояш" ба Литва роҳ дода нашуд. Моҳи июли соли 2014 мақомоти кишвари дигари Балтик, Латвия аз вуруди Газманов ба қаламрави кишвар ҷилавгирӣ карданд ва гуфтанд, ки ин овозхон бо изҳороту амалҳои худ истиқлолият ва якпорчагии Украинаро халалдор мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Се марзбони туркман дар як фалокат ҷон доданд

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи суқути чархболи Туркманистон дар наздикии марз бо Эрон се марзбони туркман кушта шудаанд. Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки бо шоҳидони айнӣ суҳбат кардааст, чархбол рӯзи 14-уми январ ба хати баландшиддати барқ бархӯрдааст.

Ҳодиса дар деҳаи Ёшлик 60-километрии шаҳри Ашхобод сурат гирифтааст. Як марзбони туркман, ки бо шарти ифшо накардани номаш бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, гуфт, ки дар ин фалокат ҳар се сарнишини он ҷон додаанд.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки зоҳиран ҳавои тира ва ғубори сахт сабаби бархӯрди чархбол ба хати барқ шудааст. Мақомоти расмии Туркманистон мисли ҳамеша ингуна ҳодисаҳоро шарҳ намедиҳанд.

Ҳинд маъракаи азими ваксинзаниро оғоз кард

Дар Ҳинд аз ваксинаи COVISHIELD истифода мекунанд, ки дар худи ин кишвар сохтаанд.

Ҳинд як маъракаи азими ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19-ро оғоз кард ва қарор аст, дар марҳилаи аввал 30 миллион нафар ин ваксинаро бигиранд. Аз миёни аҳолии 1. 4 миллиарднафарии Ҳинд ваксинаро аввал дар байни табибону парасторон ва онҳое тақсим мекунанд, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо коронавируси нав ҳастанд.

Бисёре аз кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ваксинаи “Спутник”-и тавлиди Русияро харидаанд. Аргентина рӯзи 16-уми январ қисмати дуввуми ваксинаро аз Русия ворид кард, ки барои ваксинзании дубораи кормандони муассисаҳои тиббӣ истифода мешавад. Ваксинаи аввалро онҳо моҳи декабр гирифтанд. Парагвай ин ҳафта ҳаштумин кишвари ҷаҳон шуд, ки ваксинаи Спутник V-ро барои истифода иҷоза дод.

Пештар аз Парагвай, ин корро Боливия, Венесуэла, Алҷазоир ва Сербия кардаанд. Аммо мақомоти Бразилия рӯзи 16-уми январ дархости як ширкати дорусозӣ барои истифода аз 10 миллион дона ваксинаи “Спутник”-ро дар кишвар рад кард. Мақомот гуфтанд, ки ширкат санадҳои зарурӣ дар бораи марҳилаи саввуми озмоиши ваксина ва дигар масоили истеҳсоли онро пешниҳод карда натавонистааст.

Фаронса мехоҳад, Амрикову Эрон ба созиши атомӣ баргарданд

Яке аз таъсисоти атомии Эрон дар Қум.

Вазири умури хориҷии Фаронса мегӯяд, пайдарпай вайрон кардани созиши атомӣ аз тарафи Эрон, зарурати фаврии бозгашти Теҳрон ва Амрико ба ин созиш бо қудратҳои ҷаҳониро ба миён овардааст. Ян Ив Ле Драйан дар ин бора дар як мусоҳибае дар рӯзи 16-уми январ сухан гуфтааст. Амрикоро аз созиши атомӣ раиси ҷумҳур Доналд Трамп хориҷ кард, ки то чанд рӯзи дигар маъмурияташ ба поён мерасад.

Бо наздик шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон дар моҳи июн Ле Драйан гуфтааст, ки эрониҳо дар тақвияти тавоноии атомии худ пеш рафтаанд ва бояд ба онҳо гуфт, ки “бас аст ва Эрону Амрико бояд ба созиши атомӣ баргарданд.” Баъди аз созиши атомӣ хориҷ шудани Амрико дар соли 2018, таниш байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон авҷ гирифт. Доналд Трамп таҳримҳои сахт ба зидди Эронро барқарор кард ва “сиёсати фишори ҳадди аксар” ба Эронро пеш гирифт. Ба гуфтаи вазири фаронсавӣ, ин сиёсат баръакс “риск ва хатарро зиёд кард”.

Ба қавли ӯ, ба ин сиёсат бояд хотима диҳанд, чун “Эрон дар роҳи дастёбӣ ба тавоноии тавлиди силоҳи атомӣ аст”. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, дар пайи сохтани силоҳи атомӣ нест ва ҳадафи барномаҳои атомиаш, тавлиди нерӯи барқ ва дигар ҳадафҳои осоишта аст.

Қарор аст, имрӯз Алексей Навалний ба Маскав баргардад

Алексей Навалнийро ба риоят накардани қоидаҳои адои зиндони шартӣ муттаҳам мекунанд.

Қарор аст, имрӯз Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия ба ватанаш баргардад, ҳарчанд мақомот гуфтаанд, ки мумкин аст, ӯро дастгир ва ба зиндон маҳкум кунанд. Алексей Навалний гуфтааст, ки рӯзи 17-уми январ аз Берлин ба Маскав бармегардад.

Навалнийро соли гузашта баъди заҳролуд шудан барои муолиҷа ба Берлин бурданд ва ӯ иддао дорад, ки мақомоти амниятии Русия хостаанд, ӯро бо заҳри қаттоли Новичок бикушанд. Навалний дар бораи бозгашт ба Маскав рӯзи 13-уми январ хабар дод.

Пештар аз ин Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия гуфт, ки пешвои мухолифонро боздошт мекунанд, чун ӯ қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русияро риоят накардааст. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд. Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд.

Дар Кобул ду додраси занро куштанд

Дар Афғонистон, бахусус Кобул сӯиқасд ба ҷони бонувони фаъол ва шахсиятҳои шинохта зиёд шудааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, афроди мусаллаҳ ду додраси занро дар шаҳри Кобул куштаанд, ки идомаи занҷираи қатли ҳадафмандона дар Афғонистон аст. Дар чанд моҳи гузашта, хабарнигорону, ҳомиёни ҳуқуқи занон, чеҳраҳои фарҳангӣ ва руҳониёни муътадил дар чунин ҳамлаҳо ҷон додаанд.

Аҳмадфаҳим Қавим, сухангӯи Додгоҳи Олӣ гуфт, ҳарду додрасро, ки бо мошин ба ҷойи корашон мерафтанд, шахсони ношинос субҳи рӯзи 17-уми январ тирборон кардаанд. Пулиси Кобул вуқуи ҳодисаро тасдиқ кард. Аҳмадфаҳим Қавим гуфт, ки ҳарду зан дар Додгоҳи Олӣ кор мекарданд, аммо номашонро набуд. Ронандаи онҳо захмӣ шудааст.

Касе масъулияти тирандозиро бар уҳда нагирифтааст, вале Амрикову мақомоти Афғонистон сӯиқасд ба ҷони афроди алоҳида ва шинохтаро кори дасти Толибон медонанд. Толибон мегуянд, ки дар ҳамлаҳо даст надоранд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қатли чеҳраҳои шинохта, тарсонидани ҷомеаи маданӣ, саркӯб кардани садои дигарандешону ҳомиёни ҳуқуқи занон аст, ки баъди суқути Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон ба пешрафти зиёде ноил шудаанд.

Зилзилаи шадид Тоҷикистонро такон дод

Акс аз бойгонӣ

Дар cоати аввали рӯзи 17-уми январ (1:4) зилзилае Тоҷикистонро такон додааст. Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шиддати заминларза дар Душанбеву Хуҷанд "сахт буд". Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора иттилоъ надодааст. Аммо марказҳои зилзиланигории ҷаҳон гуфтанд, заминларза дар наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, шиддаташ дар онҷо ба 5.5 дараҷаи Рихтер баробар аст. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.

Саудӣ гуфт, ба зудӣ дубора сафораташро дар Қатар мекушояд

Файсал бин Фарҳон

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ки сафорати ин кишвар дар Қатар рӯзҳои наздик дубора боз хоҳад шуд. Файсал бин Фароҳон дар ин бора рӯзи 16-уми январ дар Риёз ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Миср соли 2017 Қатарро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам карда, равобити дипломатияшонро қатъ намуданд.

Қатар ин иттиҳомро рад кард, гуфта буд, ин иқдом барои суст кардани ҳокимияти миллии ин кишвар сурат гирифтааст.

Риёз рӯзи 5-уми январ эълон кард, ки дар талош барои муттаҳидии кишварҳои арабӣ ихтилофҳоро бо Доҳа поён доданд. Ин тавофуқи муҳим бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳида анҷом шуд.

Арабистони Саудӣ ва Қатар ҳарими ҳавоии худро ба рӯйи якдигар кушоданд ва шуморе аз парвозҳо низ аз сар гирифта шуд.

Сипоҳи посдорони Эрон ба "душмани тахминӣ" мушак партофт

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар марҳилаи дувум ва рӯзи охирини машқҳои низомӣ мушакҳои баллистикиро санҷиш кард.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 16-уми январ гузориш дод, ки мушакҳо ба як ҳадафи тахминӣ дар фосилаи 1,800 километр партоб шудаанд. Тасвирҳо нишон медиҳанд, ки ду мушак ба ҳадафе, ки телевизиони давлатии Эрон онро "киштии душмани тахминӣ" номид, бархӯрдааст.

Машқҳои низомии Эрон рӯзи 16-уми январ дар ҳоле сурат гирифтанд, ки танишҳо байни Вашингтону Теҳрон дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ва сахттар шудани фишорҳои Амрико ба ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Баъди он ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп Амрикоро аз тавофуқномаи ҳастаии Эрон ва қудратҳои ҷаҳон берун кард, танишҳо байни ду кишвар афзоиш ёфт.

Ҷа Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфтааст, агар Эрон ба ваъдаҳои додааш амал кунад, эҳтимол Иёлоти Муттаҳида ба ин тавофуқ баргардад.

Як шахси вафодор ба Меркел раҳбари CDU-и Олмон интихоб шуд

Армин Лашет

Иттиҳоди муҳофизакори масеҳӣ-демократии Олмон (CDU) рӯзи 16-уми январ дар як овоздиҳии муҳим Армин Лашети 59-соларо ҳамчун раҳбари нав интихоб кард. Ба ин мақом се нафар номзад буданд.

Дар овоздиҳӣ, ки бори аввал онлайн баргузор шуд, Лашет 521 раъй гирифт. Эҳтимол ӯ ҷойгузини Ангела Меркел шавад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, баъд аз 16 соли раёсаташ мехоҳад, бознишаста хоҳад шуд. Ӯ рӯзи 15-уми январ дар оғози нишасти ҳизбаш ба ягонагӣ даъват кард.

Интихоб дар Иттиҳоди муҳофизакори масеҳӣ-демократӣ дар оғози як соли ҳассос дар сиёсати Олмон сурат гирифт. Қарор аст, дар моҳи сентябри имсол дар Олмон интихоботи сартосарӣ баргузор шавад.

Бемории COVID-19 дар як сол ҷони беш аз 2 миллион касро рабудааст

Дафни яке аз қурбониёни COVID-19 дар Русия. Моҳи майи 2020

Шумори ҷонбохтагон аз бемории коронавируси нав дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт.

Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, аз оғози пандемия то 16-уми январи имсол тақрибан 94 миллион кас мубталои COVID-19 шуда, беш аз 51 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Аз рӯйи омори фавтидагон Амрико дар ҷойи аввал аст. Дар онҷо бемории ҳамагир ҷони зиёда аз 390 ҳазор касро рабудааст. Бразилия бо 207 ҳазор фавт дар ҷойи дувум ва Ҳиндустон бо беш аз 150 ҳазор фавт дар мақоми севум аст.

Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, аз охири моҳи апрели соли гузашта то ин дам 90 гирифтори коронавирус ҷони худро аз даст додаанд. Вазорат аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифторони беморӣ хабар медиҳад, аммо шубҳаҳо ба дурустии омори расмӣ зиёд аст.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти беморӣ дар Тоҷикистон 13 ҳазору 308 кас бемор шудаанд. Баъзе мутахассисону сокинон онро ба маротиб бештар медонанд.

Дар Қазоқистон аз оғози пандемия беш аз 167 ҳазор кас бемор шуда, 2 ҳазору 397 фавтидаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки бемории ҳамагир 1382 касро куштааст.

Ҷангҷӯёни Толибон дар Ҳирот 12 нирӯи амниятиро куштаанд

Кобул, акс аз бойгонӣ

Ҷангҷӯёни Толибон дар вилояти Ҳирот, ғарби Афғонистон, 12 маъмури амниятиро куштаанд. Абдулаҳад Вализода, сухангӯйи пулиси Ҳирот, 16-уми январ ҳодисаро "ҳамла аз дохил" номид ва гуфт, ки онро се узви Толибон рӯзи ҷумъа анҷом додаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Кобул бар асари таркиши бомби миқнотисӣ ё магнитӣ ду маъмури пулис кушта ва як нафари дигар маҷруҳ шудааст. Ба иттилои расмӣ, бомбаи магнитиро дар мошини онҳо насб карда буданд. То ҳол гуруҳе масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.

Бо вуҷуди он ки ҳайатҳои расмии ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар ҳастанд ва мавзӯи нишасти ояндаро барои даст ёфтан ба сулҳ баррасӣ доранд, Толибон ба хушунатҳо идома медиҳанд.

Илова ба ин, чанд ҳамлаи моҳҳои охирро дар Кобул гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба уҳда гирифтааст.

Эъдоми охирин дар замони раёсати Доналд Трамп анҷом шуд

Акс аз бойгонӣ

Дар Амрико рӯзи 16-уми январ сездаҳумин ва охирин эъдоми федеролро дар замони маъмурияти раиси ҷумҳур Доналд Трамп анҷом доданд.

Дастин Ҳигз ба қатли се зан дар соли 1996 дар Мериленд гунаҳкор буд. Эъдоми ӯ чанд рӯз пеш аз маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури мунтахаб Ҷо Байден сурат гирифт. Интизор меравад, ки Байден эъдомҳои федеролро мутаваққиф кунад.

Иҷрои эъдомҳои федеролро ба муддати 17 сол боздошта буданд, аммо соли гузашта Доналд Трамп дастури азсаргирии онҳоро содир кард.

Лиза Монтгомери аввалин зане буд, ки дар тақрибан 70 соли гузашта рӯзи 13-уми январ дар Амрико эъдом шуд. Ӯро ба куштани як зани ҳомила ва буридани тифли батнаш айбдор карданд.

Амрико гуфт, теъдоди сарбозонашро дар Афғонистон то 2500 нафар коҳиш дод

Нерӯҳои амрикоӣ дар Қандаҳор

Вазорати дифои Амрико рӯзи 15-уми январ эълом кард, ки теъдоди сарбозони худро дар Афғонистон ба 2500 нафар коҳиш додааст. Бар асоси эъломияи Пентагон, дар ду даҳаи гузашта ин теъдоди камтарини сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон мебошад.

Сарпарасти Вазорати мудофиаи Амрико гуфтааст, ҳамроҳ бо муттаҳидонашон дар НАТО маъмурияти мубориза бо терроризм ва таълиму машваратро ба нирӯҳои афғон идома хоҳанд дод. Ӯ гуфтааст, ин ду маъмурият ба хотири он аст, ки террористон ҳеч гоҳ натавонанд бо истифода аз хоки Афғонистон ба Амрико зарба бизананд.

Амрико муддатҳо боз барои берун кардани сарбозонаш аз Афғонистон тасмим гирифта буд ва бо имзои созиши сулҳ бо Толибон дар моҳи феврали 2020 марҳилаи хуруҷи сарбозонашро оғоз кард.

Дар эъломияи Вазорати дифои Амрико дар рӯзи 15-уми январ омадааст: "Имрӯз нисбат ба ҳар замоне дигар ба хатми ду даҳаи ҷанг ва раванди сулҳи афғонҳо наздик шудааст, ки дар натиҷаи он метавон ба як тафоҳуми сиёсӣ ва оташбаси доимӣ даст ёфт."

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико гуфтааст, бо кам кардани сарбозон ваъдаи худро барои пуштибонӣ аз раванди сулҳи Афғонистон ва амалӣ кардани мувофиқатнома бо Толибон нишон медиҳанд.

Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Тлибон, дар як паёме аз коҳиши теъдоди сарбозони амрикоӣ истиқбол карда, гуфтааст, умед доранд теъдоди боқимондаи сарбозони амрикоӣ ҳам бар асоси мувофиқатнома аз кишвар хориҷ шаванд.

Аммо Амрико дар замоне шумори сарбозони худро дар Афғонистон коҳиш дод, ки раҳбарони НАТО дар мавриди он изҳори нигаронӣ карда, мақомоти афғон ҳам аз шарики стратегии худ хостаанд, сарбозон бояд ба таври масъулона Афғонистонро тарк кунанд.

Дар ҳоли ҳозир нирӯҳои афғон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бо ҷангҷӯёни Толибон даргиранд ва амният ҳам дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон бадтар шудааст. Таркишҳо бо истифода аз бомбҳои магнитӣ ва кушторҳои ҳадафманд низ афзоиш ёфтааст.

Эрон озмоиши силоҳи баллистикиро барпо кард

Озмоишҳои мушакҳои баллистикии Эрон дар як биёбоне баргузор шуд

Дар пасманзари фишорҳои ИМА болои Теҳрон, дар Эрон машқҳои низомӣ бо истифода аз силоҳҳои баллистикӣ баргузор шуд. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 15-уми январ гуфт, ки нирӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар як минтақаи биёбонии кишвар чанд мушаки баллистикии навъи “Замин ба замин”-ро озмоиш кард. Дар ин машқҳо мушакҳои навъи “Зулфиқор” ва “Дезфул”, ҳамчунин дронҳои бомбафкан санҷида шуданд. Ҳафтаҳои охир бо наздик шудани мӯҳлати анҷоми раёсатҷумҳурии президенти ИМА Доналд Трамп, машқҳои низомии Теҳрон афзоиш ёфтааст. Равобити миёни Вашингтону Теҳрон аз соли 2018 ба ин сӯ бад шудааст. Трамп аз созиши ҳастаии қудратҳо бо Эрон, ки соли 2015 имзо шуда буд, берун шуд ва нисбати ин кишвар таҳримҳои шадидтар назар ба пешинро ҷорӣ кард. Вашингтон мегӯяд, ки ин тасмимаш ба тавсеаи барномаи ҳастаии Теҳрон рабт дорад. Дар посух ба ин Теҳрон ҳамеша гуфтааст, ки барномаи ҳастаии он ҳадафҳои сулҳомез дорад. Теҳрон баъди ин тадриҷан аз иҷрои бархе шартҳои созиши ҳастаӣ канор рафт.

Дар Узбекистон сокинон зидди дарахтбурӣ эътироз карданд

Наздики 200 сокини маҳаллаи "Буюк Турон"-и шаҳри Қаршии Узбекистон ба тасмими мақомот дар бораи буридани дарахтон эътироз карданд. Сокинон субҳи 13-уми январ бо истифода аз дарахтҳои буридашуда роҳи мошингардро бастанд.

Сокинон аз он норозианд, ки мақомот мехоҳанд 12 га дарахтони мевадиҳанда ва сояафканро ба хотири бунёди корхона аз байн баранд.

Шоҳидон гуфтанд, шаҳрдорӣ бо ҳудуди 20 тан аз кормандони мақомоти қудратӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва роҳро тоза карда, 3 занро аз шумори эътирозгарон ба идораи пулис бурд.

Кормандони пулис бо сокинони маҳаллӣ дағалӣ кардаанд.

Дар 12 га замин, ки 30 соли пеш ба ихтиёри сокинони маҳаллӣ дода шуда буд, бештар аз 100 ҳазор дарахт шинонда шудааст. Аз ҳисоби ин дарахтон сокинони маҳаллӣ харҷи рӯзгорашонро таъмин мекарданд.

СММ аз гармии рекордии ҳавои сайёра дар соли 2020 хабар дод

Саге дар як фаввораи маркази шаҳри Будапешт оббозӣ мекунад. Рӯзи 12.08.2020 дар пойтахти Венгрия гарми 30-34 дараҷаи Селсия буд ва ин, ба қавли ҳавошиносони маҳаллӣ, барои ин шаҳр, рекордӣ будааст

СММ гуфт, ки соли 2020 гармтарин сол буд, чун ҳарорати ҳаво дар қиёс бо солҳои аз ин пеш ба дараҷаи рекордӣ ва “фоҷеабор” баробар шуд. Ташкилоти ҷаҳонии ҳавошиносии вобаста ба СММ (WMO) рӯзи 14-уми январ дар гузориши нави худ аз паёмадҳои нигаронкунандаи тағйироти ҳаво ба саломатии инсон ва сайёра ҳушдор додааст. Созмони воқеъ дар Женева гуфт, ки агар соли 2016-ро аз назари гармии ҳаво рекордӣ мегуфтанд, соли 2020 ин рекордро зад. Муҳаққиқон дар гузориш навиштаанд, ки соли 2020 ба ҳисоби миёна гармии ҳаво дар саросари ҷаҳон 14,9 дараҷаи Селсияро ташкил дод ва ин нишондод 1,2 дараҷа Селсия баландтар ё гармтар назар ба гармии ҳаво то Аҳди саноатишавии ҷаҳон, шурӯъ аз соли 1850 будааст. Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ дар изҳороте гуфт, ки “мо ба мизони фоҷеабори баландшавии ҳаво дар ҳаҷми 3-5 дараҷаи Селсия наздик мешавем”.

Хулосаҳои муҳаққиқони ин гузориш дар мувофиқа бо панҷ созмони мухталифи ҳавошиносӣ, аз ҷумла, оҷонсии кайҳоншиносии NASA таҳия шудааст.

Аз шӯриши мардумии Тунис 10 сол пур шуд

Шаҳри Тунис. Нашрияе натиҷаҳои даври аввали интихоботро хулоса кардааст. Сентябри соли 2019

Дар кишвари Тунис 10-солагии шӯриши мардумӣ, ки боиси суқути раҳбари худкомаи он ва тавсеаи “Баҳори Араб” дар дигар нуқоти минтақа шуд, рӯзи 14-уми январ бо сабаби пандемияи коронавирус дар шароити маҳдуд таҷлил гардид. Маконе, ки соли 2011 маркази эътирозҳои мардумӣ гардид, имсол холӣ буд ва полис посгоҳҳо гузошта санади мардумро месанҷид.

Дар ҳодисаҳои 10 соли пеш, баъди он ки як тоҷири хурди хиёбонӣ Муҳаммад Буазиз бо нишони эътироз аз вазъи иқтисодиву иҷтимоиаш худкушӣ кард, эътироз бархост ва президенти худкома Зайнуллобиддин Бин Алӣ аз кишвар фирор намуд. Барканории Бин Алӣ боиси эътирозҳои мардумӣ ва аз қудрат сарнагун шудани диктаторҳои дигар дар Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна гардид. Агар дар бархе кишварҳои дигар баъди ин дубора ҷанг сар зад ваё ҳукуматҳои саркӯбгар сари кор омаданд, Тунис қисман ба як кишвари демократӣ табдил шуд. Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ мардуми Тунис ва раҳбарияти ин кишварро табрик ва таъкид намуд, ки дар ин муддат дар кишвар пешрафти қобили мулоҳиза дар бахши демократия ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дида шудааст.

Президенти Булғористон интихоботро ба 4 апрел таъин кард

Президенти Булғористон Румен Радев аз эътирозгарон тарафдорӣ кардааст

Румен Радев, президенти Булғористон эълон кард, ки 4-уми апрел дар ин кишвар интихоботи навбатии парлумонӣ баргузор мешавад. Радев мунаққиди ҳукумати нахуствазири муҳофизакор Бойко Борисов аст ва дар даъвати пешинаш хост, ки интихобот 28-уми март баргузор шавад. Баъди музокирот бо ҳизбҳои сиёсӣ Радев интихоботро ба як ҳафта баъдаш таъин кард. Ин кишвари фақири аврупоӣ чандин моҳ аст, ки шоҳиди эътирозҳо бо талаби истеъфои ҳукумат мебошад, вале нахуствазири он Бойко Борисов то ҳол даъватҳои истеъфоро рад кардааст. Президент аз эътирозгарон тарафдорӣ карда, 14-уми январ ҳам гуфт, ки Булғористон ба тағйирот эҳтиёҷ дорад.

Сарвазири нави Қирғизистон баъди савгандёдкунии президент маълум мешавад

Исо Омурқулов

Эътилофи аксарияти порлумони Қирғизистон то ҳол номзадии ҳеч касро ба мақоми сарвазирии он кишвар пешниҳод накардааст.

Раиси эътилоф Исо Омурқулов рӯзи 14-уми январ дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, номзад ба мақоми сарвазирӣ баъди савгандёдкунии президенти тозаинтихоб пешниҳод мешавад.

"Президент интихоб шуд. Баъди маросими савгандёдкунии ӯ бояд номзадӣ ба мақоми сарвазирӣ расман пешниҳод шавад. Бар асоси Конститусия, номзадро эътилофи аксарияти порлумонӣ пешниҳод мекунад. Дар ҳоли ҳозир ба мо мутахассиси таҷрибадор ва иқтисодшинос лозим аст", - изҳор дошт Омурқулов.

Вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев гуфт, Конститутсия иҷозат намедиҳад, ки президенти он кишвар мансаби давлатии дигареро дар ихтиёр дошта бошад. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, президенти тозаинтихоб Содир Ҷабборов бояд пеш аз савгандёдкунӣ расман аз мақоми сарвазирӣ истеъфо диҳад ва дар давоми 15 рӯз эътилофи аксарият сарвазири навро интихоб кунад.

Содир Ҷабборов, ки баъди ҳаводиси моҳи октябр сари қудрат омада буд, моҳи ноябр ба хотири иштирок дар интихоботи президентии 10 январи соли 2021 аз мақоми иҷрокунандаи муваққати вазифаҳои президент даст кашида, ваколатҳои сарвазирро ҳам қатъ кард. Дар ҳукумати Қирғизистон гуфтанд, ки Ҷабборов баъди савгандёдкунӣ мақоми сарвазириро расман хоҳад супурд.

Шумори талафоти ҷонӣ бар асари COVID-19 ба 2 миллион нафар наздик мешавад

Талафоти ҷонӣ бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба 2 миллион нафар наздик мешавад ва ин ҳолат эҳтиёҷи суръат бахшидани барномаи эмкуниро бар зидди коронавирус ба вуҷуд овардааст. Шумори талафоти ҷонии тасдиқшуда аз COVID-19 то рӯзи 14-уми январ 1 миллиону 993 ҳазору 146 нафарро ташкил дод. Афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ бар асари коронавирусро бо таҷлили дастаҷамъии идҳои Милоди Масеҳ ва Соли нав рабт медиҳанд, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомот барои худдорӣ аз ҷамъшавии зиёди мардум, бисёриҳо ин даъватро нодида гирифтанд.

Дар миёни кишварҳои аврупоӣ Дания дар иҷрои барномаи эмкунӣ пештоз аст ва аз 5,8 миллион аҳолиаш то имрӯз 2 дарсадаш аллакай эм карда шудааст. Дар ИМА ин нишондод 3 дарсад ё 11 миллион нафарро ташкил додааст. Ҳадафи азим ин аст, ки то 70 дарсади ҷомеа эм карда шавад, вале барои дастрасӣ ба ин ҳадаф моҳҳои зиёд лозим мешавад.

Дар Амрико зиндоние, ки дар куштори 11 нафар даст дошт, қатл шуд

Як намунаи хӯроки зиндониён дар Амрико

Дар Амрико як қочоқчии маводи мухаддиро пас аз оне, ки Додгоҳи олӣ дархости муолиҷаи ӯро аз бемории COVID-19 рад кард, рӯзи 14-уми январ қатл карданд.

Кори Ҷонсони 52 сола бо воситаи тазриқи марговар дар зиндони федералии иёлоти Индиана барои силсилаи кушторҳояш дар соли 1992 ба қатл расонда шуд.

Ҷонсон 12-ум зиндоние аст, ки дар як соли гузашта ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эъдом кард. Иҷрои ҳукми қатл дар ин кишвар 17 сол боздошта шуда буд ва соли гузашта аз сар гирифта шуд.

Вакилони мудофеи Ҷонсон иддао карда буданд, ки тазриқи марговар боиси дарди ҷонкоҳ мешавад, чун бинобар гирифтор шудани ӯ ба COVID-19 шушҳояш осеб дидаанд.

Аммо Додгоҳи олӣ, қарори додгоҳи зинаи поёнро, ки иҷоза медод қатли Ҷонсон то замони шифо ёфтан аз ҳамагири COVID-19 мавқуф гузошта шавад, рад кард.

Ҷонсон дар авбошии гурӯҳие даст дошт, ки дар тули 45 рӯз 11 нафар кушта шуданд. Ӯ ва ду нафари дигар аз аъзои ин гурӯҳ ба қатл маҳкум шуданд.

Қабл аз иҷрои ҳукми қатл Ҷонсон гуфт “ аз ҷиноятҳои содиркардааш пушаймон аст” ва мехоҳад онҳое, ки аз дасташ қурбон шуданд “фаромӯш нашаванд”. “Ҳолам хуб аст, ман оромам”, гуфтааст Ҷонсон.

Рӯзи 15-уми январ қарор аст, як зиндонии дигар Дастин Хигс низ кушта шавад. Ин охирин ҳукми қатл хоҳад буд, ки дар стаҳи федералӣ қабл аз анҷоми раёсати Доналд Трамп иҷро мешавад.

Трамп соли гузашта фармон дод, иҷрои ҳукми қатл аз сар гирифта шавад. Интизор меравад Ҷо Байден, ки рӯзи 20-уми январ маросими ба сари қудрат омаданаш доир мешавад, иҷрои ҳукми қатлро дар сатҳи федералӣ қатъ мекунад.

Нигаронии FBI аз эҳтимоли хушунат дар остонаи савгандёдкунии Байден

14 январ. Аъзои Гарди миллӣ амнияти бинои Конгрессро таъмин мекунанд

Раҳбари Бюрои Федеролии тафтишот (FBI) аз эҳтимоли хушунат дар остонаи маросими савгандёдкунии президенти мунтахаб Ҷо Байден, ки 20-уми январ барпо мешавад, изҳори нигаронӣ кард. Кристофер Рей, раҳбари FBI рӯзи 14-уми январ гуфт, мутахассисони ин созмон чандин муколамаи интернетиро ошкор кардаанд, ки дар онҳо аз даъват ба эътирозҳои мусаллаҳона сӯҳбат мешавад. Рей гуфт, ки ин ҳама муколамаҳо аз назари таҳдид ба амният мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, тахминан 200 нафар дар андешаи ташкили ҳамлаи монанд ба бинои Конресс мебошанд. Дар ҳодисаҳои 6-уми январ издиҳоми ҷонибдорони президент Доналд Трамп ба Капитол ҳамла ва талош намуданд, ки овоздиҳии тасдиқкунандаи пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи моҳи ноябрро баҳам зананд. Дар хушунатҳои рӯйдода панҷ нафар, аз ҷумла як ходими полис кушта шуд. Ин ҳодиса чанд лаҳза баъди он рух дод, ки Трамп дар наздикии Кохи Сафед ҷонибдорони худро барои муқовимат бо натиҷаҳои интихобот даъват кард. Рӯзи 13-уми январ Маҷлиси намояндагон гуфт, барои “таҳрики беназмиҳо” ба президент Доналд Трамп изҳори нобоварӣ ваё импичмент эълон мекунад. Интизор намеравад, ки Сенат – палатаи болоии маҷлиси Амрико пеш аз 19-уми январ барои импичменти Трамп овоз диҳанд. Ҷумҳурихоҳҳо суолгузорӣ карданад, ки то куҷо аз курсӣ барканор кардани шахсе, ки мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш ба итмом мерасад, дуруст мебошад.

Кореяи Шимолӣ дар паради низомӣ мушакҳои навро намоиш дод

Дар аксҳои хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ паради низомӣ ва мушакҳои баллистикӣ намоиш дода шуд

Дар остонаи маросими савгандёдкунии Ҷо Байден дар ИМА, ки 20-уми январ баргузор мешавад, Кореяи Шимолӣ як мушаки баллистикии киштиҳои зериобиро муаррифӣ кард. Дар аксҳое, ки рӯзи 14-уми январ дар матбуоти расмӣ нашр шуданд, раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дар майдони марказии Ким Ир Сен дида шуд, ки табассум мекард. Дар парад ё гашти низомӣ сарбозон, танкҳо, мушакандозҳо ва чанд мушаки кӯтоҳпарвози баллистикиро намоиш доданд, ки ба қавли матбуоти давлатӣ “силоҳҳои бисёр муқтадири ҷаҳонӣ” мебошад. Вале силоҳҳои байниқоравии баллистикӣ, ки моҳи октябр аз онҳо хабар дода шуд ва ба қавли мақомоти кореягӣ, тавони расидан то ИМА-ро доранд, дар ин гашти низомӣ зоҳир нашуданд.

Маросими намоиши қудрат дар Пхенян баъди он барпо шуд, ки беш аз як ҳафта аз он пеш дар ҷаласаҳои сиёсӣ Ким ИМА-ро “душмани азимтарини”-и кишвараш номид ва ваъда дод, ки тавонмандиҳои низомии кишварашро тақвият медиҳад. Равобити Кореяи Шимолӣ ва ИМА то мулоқоташон дар Сингапур соли 2018 пуршиддат буд. Дар паи ин ҷаласаи бесобиқа, дар робита бо барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ пешрафти андаке мушоҳида шуд ва ҷаласаи дуюми барномарезишудаи мақомот бо сабаби рад шудани талаби Пхенян барои бекор кардани таҳримҳо баргузор нагардид.

Зилзила дар Индонезия боиси марги 35 нафар шуд

Наҷотбахшон харобаҳои як беморхонаи тахрибшударо дар вилояти Сулавесии ғарбӣ бартараф мекунанд, Индонезия, 15-уми январи 2021

Зилзилаи шадиди рӯзи 15-уми январ дар ҷазираи Сулавеси боиси марги ҳади ақал 35 нафар ва ҷароҳат бардоштани садҳои дигар гаштааст. Дар ин бора мақомоти расмии Индонезия хабар доданд.

Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико, зилзила бо нерӯи 6,2 бал бо ҷадвали Рихтер дар 36 километрии ҷануби ноҳияи Мамуҷу дар Сулавесии ғарбӣ рух додааст. Дар натиҷа ҳазорон одам дар нимаи шаб манзилҳои зисти худро тарк кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, зилзила ва пасларзишҳо боиси қатъ шудани нерӯи барқ шуда, пулҳо, 60 хона, ду меҳмонхона ва идораи раиси вилоятро хароб кардаанд.

Дарно Маҷид роҳбари Оҷонсии ҳолатҳои фавқуллодаи Сулавесии ғарбӣ гуфт, ки 35 нафар дар шаҳри Маҷен ва ноҳияҳои канори он ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол дорад, шумораи қурбониёни зилзила афзоиш ёбад.

Индонезия аз силсилаҷаризаҳо иборат буда 260 миллион аҳолӣ дорад, ки зуд- зуд дучори зилзила, фаъолшавии вулқонҳо ва сунами мешавад, чун дар наздикии “ҳалқаи оташ” – маҳали силсилаи вулқонҳо дар уқёнуси Ором қарор дорад.

Байден аз барномаи азими кӯмакҳо дар шароити пандемияи COVID-19 хабар дод

Президенти мунтахаб Ҷо Байден

Президенти мунтахаби Амрико Ҷо Байден аз як барномаи азими кӯмакҳо хабар дод, ки ба гуфтааш, дар вокуниш ба бӯҳрони пандемияи коронавирус қабул мешавад. Байден, ки 20-уми январ савганд ёд мекунад, вазъи кунунӣ бо пандемияро «бӯҳрони талафоти ҷонӣ» номид ва гуфт, ки набояд вақтро аз даст дод. Барномаи 14-уми январ муаррифишуда сармоягузории маблағҳо ба барномаи эмкуниро пешбинӣ мекунад. Буҷаи ин барнома 415 миллиард долларо барои воксинаҳо, 1 триллион долларо барои кӯмак ба хонаводаҳо ва 440 миллиард долларро барои кӯмак та соҳибкорон ва ҷамъиятҳои мухталифи осебдида аз коронавирус дар назар мегирад. Маълум нест, ки то куҷо ин барномаро Конгресс пуштибонӣ мекунад. Бисёр ҷумҳурихоҳҳо аз ин барномаро гарон меноманд ва мегӯянд, ки ба ҷои мустақим додани пул, маблағҳо бояд ба таври қарз дода шаванд. Вале демократҳо, ки ахиран дар ҳарду палатаи Конгресс аксариятро ташкил доданд, барои қабули ин барнома талош мекунанд. Байден ҳам гуфт, ки медонад, барномаи ӯ гарон аст, вале он метавонад аз хисороти дарозмуддат ба иқтисоди кишвар пешгирӣ кунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG