Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурқинӣ боиси занозанӣ дар як рустои Фаронса шуд


Дар шаҳри Бастия, воқеъ дар шимоли ҷазираи Корсикаи Фаронса, рӯзи якшанбе намоиши эътирозие баргузор шуд, ки дар ҷараёни он садҳо тан аз сокинони маҳаллӣ бо шиорҳои “Ин замини мост!” талоши вуруд ба маҳаллаи зисти муҳоҷирони мусалмонро карданд.

Моҷаро дар Сиско, як рустои канори Бастия, баъд аз он сар зад, ки як сайёҳ хост, аз занҳои бурқинипӯш дар соҳили баҳр акс бигирад.

“Бурқинӣ" - сохта аз вожаҳои "бурқа" ва "бикинӣ" (куртаи вижаи шиноварӣ) буда, ҳамчун либоси махсуси оббозӣ барои занони мусалмон таҳия шудааст. Бурқинӣ миёни занҳои ғайримусалмон ҳам маъруф аст.

Ба гуфтаи Аҳада Зиннатӣ, як тарроҳи лубнонитабори австралиягӣ ва тарроҳи ин либоси серхаридор дар Аврупову Ғарб, бурқинӣ баъди дар соли 2003 ба бозор ворид шудан хеле маъмул гардид ва ҳар харидори дуюми онро занони ғайримусалмон ташкил медиҳанд. Бурқинӣ аз матои нарму фораме таҳия шуда, аз нӯги сар то соқи пои занро мепӯшонад ва танҳо рӯю даст ва соқи пои зан урён мемонаду халос.

Аҳада Зиннатӣ, тарроҳи бурқинӣ (аз чап)
Аҳада Зиннатӣ, тарроҳи бурқинӣ (аз чап)

Мири шаҳри Бастия ба телевизиони фаронсавии TF1 гуфт, занозанӣ дар соҳили баҳр баъди он рӯй дод, ки “мағрибиҳо” - мардҳои мусалмон барои акс гирифтани сайёҳ монеъ шуданд, вале наврасони русто аз сайёҳ пуштибонӣ ва мусалмонҳоро таҳқир карданд. Баъд аз чанд дақиқа мардуми зиёде аз ду тараф ба соҳил рехтанд, ки баъзе и онҳо дар даст сангу калтак ва ҳатто табар доштанд. Ба навиштаи рӯзномаи Le Monde, ду тан аз сокинони маҳаллӣ, ки аз наврасон пуштибонӣ мекарданд, маҷрӯҳ шуданд. Гуфта мешавад, ки дар ин моҷаро дар маҷмӯъ панҷ нафар, аз ҷумла, як зани ҳомила, захмӣ шудаанд.

Ба иттилои радиои байнулмилалии Фаронса, занозанӣ баъд аз дахолати беш аз 100 корманди полис ва жандарм қатъ карда шуд. Вазири умури хориҷии Фаронса Бернар Казнев рӯзи 14 август аз мардуми ҷазираи Корсика хост, ки аз сабурӣ кор бигиранд. Минтақаи зисти муҳоҷирон баъди он таҳти назорати полис қарор гирифт, ки садҳо эътирозгарон бо шиори “Ин замини мост” талоши вуруд ба ин минтақаро карданд.

Ахиран додгоҳи Фаронса аз қарори шаҳрдори Канн, ки пӯшидани бурқиниро манъ кардааст, пуштибонӣ кард. Шаҳрдории Канн охирҳои моҳи июл ба хотири “эҳтиром ба анъанаҳои дуруст ва дунявият” пӯшидани бурқиниро дар маконҳои оббозии ин шаҳри воқеъ дар соҳили баҳри Миёназамин мамнӯъ эълон кард.

Рӯзи 13 август мақомоти шаҳри фароғатии Вилленю-Лубе низ айни қарорро қабул карданд. Се зан қарори шаҳрдори Каннро ғайриқонунӣ хонда, ба додгоҳ шикоят бурданд. Вале додгоҳи Нитса рӯзи 13 август ин шикоятро рад кард ва гуфт, қарори манъи бурқинӣ дар чаҳорчӯби вазъи изтирорӣ дар Фаронса ва ҳамлаҳои ахири исломгароҳо гирифта шудааст. Вакили Ҷамъияти зидди исломситезии Фаронса гуфт, аз болои ин ҳукми додгоҳ ҳам шикоят хоҳанд бурд.

Фаронса дар соли 2011 нахустин кишвари Аврупо шуд, ки пӯшидани бурқаро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард. Аммо баҳс атрофи бурқинӣ ду сол аз ин пеш шурӯъ шуд. Дар миёнаҳои августи соли 2009 масъулини як ҳавзи ҷамъиятии шиноварии Париж ба зани мусалмоне бо исми Карол иҷоза надоданд, ки бо либоси оббозии сар то по баста дохили ҳавз шавад. Онҳо тасмими худро бо изҳороти раисиҷумҳури вақти Фаронса Никола Саркозӣ рабт доданд, ки гуфта буд, "дар Фаронса пӯшидани либоси сар то по баста қобили қабул нест". Ӯ ташреҳ кард, ки аз назари ӯ ин гуна либос озодиҳои занҳоро маҳдуд ва ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад. Аммо гуфта мешавад, баъд аз ин ҳодисаву баҳсҳо атрофи бурқинӣ бисёриҳо дар бораи мавҷудияти ин либоси шиноварӣ огаҳ шуданд ва шумораи харидорони он якбора боло рафт...

XS
SM
MD
LG