Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои низомӣ дар наздикии марзи Русия бо НАТО


Акс аз машқи қаблии нирӯҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон
Акс аз машқи қаблии нирӯҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 13 август дар ҳудуди вилоятҳои Пскову Ленингради Русия машқҳои Нирӯҳои муштараки вокуниши сареъ (КСОР)-и Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ бо ширкати ҳудуди 6000 аскару афсар ва 1000 техникаи низомӣ, бо шумули беш аз 50 чархболу ҳавопаймо, оғоз ёфт. Дар машқҳои мавсум ба “Взаимодействие - 2016”, ки то 19 август давом мекунанд, нирӯҳои вижаи Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Ситоди ҳавзаи ғарбии артиши Русия гуфт, дар ҷараёни машқҳо фаъолияти нирӯҳо дар шароити ташдиди низоъ дар яке аз минтақаҳои марзии кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъиро тамрин хоҳанд кард. Ин машқҳо дар наздикии марзҳои Русия бо паймони низомии НАТО дар ҳоле мегузаранд, ки байни Маскаву НАТО бар сари нақшаи истиқрори нирӯҳои изофии он паймон дар наздикии марзҳои Русия танишҳо идома доранд. НАТО мехоҳад дар Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик 4 баталйони навро мустақар кунад.

XS
SM
MD
LG