Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттишони Шветсия Ассанҷро пурсуҷӯ мекунанд


Муассиси сомонаи интернетии WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ, ки аз сӯи Шветсия дар таҷовуз ба номус айбдор мешавад, мавриди пурсуҷӯи муфаттишони швед қарор хоҳад гирифт. Нашрияи Guardian, чопи Лондон, рӯзи 11 август хабар дод, ки пурсуҷӯ дар бинои сафорати Эквадор дар Лондон баргузор мешавад. Ҷулиан Ассанҷ, ки хостори паноҳандагии сиёсӣ дар Эквадор шудааст, аз соли 2012 ба ин сӯ дар қаламрави намояндагии дипломатии ин кишвар ба сар мебарад.

Соли гузашта Эквадор ва Шветсия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ созишнома имзо карданд. Ин санад асосе барои ризояти мақомоти Эквадор ба баргузории пурсуҷӯ шуд. Дар вазорати умури хориҷии Эквадор гуфтанд, онҳо бори аввал чаҳор сол пеш ба мақомоти Шветсия пешниҳод карда буданд, ки дар дохили сафорат дар Лондон Асанҷро пурсуҷӯ кунанад.

Ҷулиан Ассанҷ, хабарнигор аз Австралия, соли 2006 сомонаи WikiLeaks-ро таъсис кард, ки дар он маводи фошкунанда нашр мешаванд. Мақомоти Шветсия поягузории WikiLeaks-ро дар таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ ба ду зан айбдор мекунанд. Ассанҷ иттиҳомро рад мекунад ва мегӯянд, ки он ангезаи сиёсӣ дорад. Асосгузори WikiLeaks эълом дошт, ки ӯ барои фошсозии санадҳои сиррии вазорати умури хориҷаи ИМА мавриди таъқиб қарор дорад.

XS
SM
MD
LG