Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона: хӯрокворӣ дар як сол 16% қиматтар шудааст


Нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Қазоқистон дар моҳи июли соли 2016 нисбат ба моҳи июли соли гузашта 15,9 дарсад боло рафтааст. Дар ин бора Кумитаи омори вазорати иқтисоди миллии ин кишвар хабар медиҳад.

Бар пояи омори расмӣ, дар Қазоқистон шакар 65,4%, ғаладона - 40,4%, нон - 27,1%, сабзавоту мева - 16,7% ва орд 12,4% қимат шудааст.

Кумита ҳамчунин қайд кардааст, ки таърифаҳои хизматрасонии коммуналӣ низ боло рафта, бино ба омори расмӣ, дар ҳафт моҳи аввали соли равон нархи хизматрасонӣ барои обпарто (канализатсия) 25,3%, оби сард - 12,4%, баровардани партовҳо - 11,8% ва гармидиҳӣ 7,3 % баланд гардидааст.

Дар гузориши моҳи гузаштаи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) коршиносон аз якбора боло рафтани нархи молҳои ниёзи асосӣ ва хизматрасониҳо дар Қазоқистон нигаронӣ карда буданд. Коршиносони бонк бар инанд, ки 14 дарсади аҳолии Қазоқистонро (бо харҷи камтар аз 5 доллар дар як рӯз) камбизоатон ташкил медиҳанд .

XS
SM
MD
LG