Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон қавл дод, ки дар давоми чанд моҳи оянда ҳукумати “муросои миллӣ” ташкил хоҳад дод, вале ба он “террористҳо ва мудофеони онҳо” дохил нахоҳанд шуд.
Ба эҳтимоли зиёд вай бо ин гуфтаҳо ба оппозитсияи мусаллаҳ ишора кард, ки баъд аз ду ҳафтаи муқовимати мусаллаҳона дар яке аз шӯъбаҳои пулиси Ереван саранҷом таслим шуд.
1 август бештар аз 1000 нафар ба кӯчаву хиёбонҳои Ереван баромаданд ва аз ҳукумат барои 20 марди мусаллаҳ сабру таҳаммул мехостанд. Мақомоти интизомӣ ин 20 нафарро дар охири ҳафтаи гузашта барои забти шӯъбаи пулис ва мухолифати мусаллаҳона, ки дар он 2 корманди пулис ба қатл расид, боздошт шуданд.
Саркисян баъд аз мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, раҳбарони мазҳабӣ ва мақомоти ҳукуматӣ гуфт, ки афроди мусаллаҳ “ фаъолияти террористонаи худро зери даъватҳои ватанпарастона барои адолати иҷтимоӣ пинҳон мекарданд”.
Хабаргузориии Интерфакс гузориш додааст, ки 2 узви ҳизби Мерос, ки бо мардони мусаллаҳ як ҷо кор мекарданд, 1 август боздошт шудаанд ва барои ширкат дар нооромиҳои мардумӣ муттаҳам дониста мешаванд. Онҳо Давид Санасариян-сухангӯи ҳизб ва Армен Мартиросян–муовини раиси ҳизб мебошанд.