Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Искандар Саидзода боздоштгоҳро тарк намудааст


Искандар Саидзода
Искандар Саидзода

Додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Искандар Саидзода, ки бо иттиҳоми ришватситонӣ дастгир шудааст, баъд аз имзои санади тарк накардани макони зист боздоштгоҳро тарк намуд.

Давлатбек Хайрзода, муовини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи 28 июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки тасмими раҳоии ӯ бо чанд далел гирифта шудааст. Аввалан Искандар Саидзода маблағи ришватро ба соҳибони пул баргардонидааст ва сониян ӯ мубтало ба маризии саратон аст.

Искандар Саидзода аввалҳои моҳи июни соли равон аз сӯи кормандони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳангоми гирифтани 50 ҳазор доллар пора дастгир шуд.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ аз пайвадони як муттаҳам барои муқаррар кардани ҷазои сабук беш аз 110 ҳазор доллар талаб кардааст. Алайҳи ӯ аз рӯи банди 391-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне ришватситонӣ, парвнадаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG