Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши ду созмони муътабар дар бораи шарқи Украина


Шаҳрвандон дар муноқишаҳои шарқи Украина аз тарафи ҳар ду ҷониби даргир мавриди боздоштҳои худсарона, азияту озор қарор гирифтанд ва бедарак шудаанд. Дар ин бора ду созмони муътабари назорат бар ҳуқуқи башар гузориши муштарак ба нашр расондаанд.

Амнести Интернешенал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши 21 июли худ мақомоти Украина ва гурӯҳҳои ниманизомии ҷонибдори Киевро гунаҳгор кардаанд, ки онҳо баъзе афроди шубҳаоварро барои ҷонибдорӣ ё иртибот бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар боздошт нигоҳ медоранд.

Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҷудоихоҳон шаҳрвандонро ба иттиҳоми ҷонибдорӣ ва ё ҷосусӣ ба нафъи ҳукумати Украина дар боздошт нигоҳ доштаанд. Дар баъзе мавридҳо боздоштшудагонро барои доду гирифти зиндониён истифода кардаанд.

Гузориши ин ду созмони муътабар зери чунин унвон: “Ту вуҷуд надорӣ-боздоштҳои худсарона, бедаракшавии маҷбурӣ ва шиканҷа дар шарқи Украина” чоп шудааст.

Таня Локшина-намояндаи Ҳюмен Райтс Вотчмегӯяд, онҳо барои он бо Афви Байналмиллал гузориши муштарак чоп кардаанд, ки боздоштҳои худсарона, бедаракшавиҳои маҷбурӣ ва шиканҷа дар робита бо муноқишаҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина хеле зиёд аст ва бояд ҳамаи ҷонибҳои зидахл ба таври фаврӣ ба ин масъала бипардозанд.

XS
SM
MD
LG