Дар додгоҳи ноҳияи Заводскаяи шаҳри Новокузнетски Русия мурофиаи додгоҳии шаҳрванди Тоҷикистон Абдулҳаким Борунов аз сар гирифта шуд. Ӯ дар расондани осеби шадиди ҷисмонӣ, ки бар асари беэҳтиётӣ боиси марг шудааст, айбдор мешавад
Мурофиаи додгоҳӣ соли 2014 шурӯъ шуда буд, аммо Абдулҳаким Борунов, ки иҷозаи берун шудан аз шаҳрро надошт, баъд аз ду-се бори "ҳозир-ғоиб"-и ҳатмӣ дар додгоҳ ғайб зад.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, ҳодиса 29 декабри соли 2013 рӯй дод. Як духтари наврас ҳангоми сайругашт бо дугонаҳояш дар хиёбони Вяземская дар зери мошини як шаҳрванди Тоҷикистон петардаро тарконд. Соҳиби мошин дар ғазаб шуд ва ба рӯи ӯ як шаппотӣ зад.
Баъди огоҳӣ аз ин моҷаро падарандари духтар бо белу туфангча мусаллаҳ шуда, ба назди соҳиби мошин рафт. Абдулҳаким Борунов ба ҳимояти дусташ - соҳиби мошин бархост ва таниши лафзӣ миёни ӯву "интиқомгиранда" ба занозанӣ печид. Дар “ҷанги тан ба тан” шаҳрванди Тоҷикистон белро аз дасти ҳарифаш кашида гирифт ва бо он ба сари ӯ чанд зарба зад. Марди маҷрӯҳро ҳамсояаш ба хона овард ва аммо ӯ то омадани мошини “ёрии таъҷилӣ” аз олам даргузашт.
Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ Абдулҳаким Борунов гуноҳашро ба гардан нагирифт. Дар мурофиаи додгоҳӣ низ ӯ мавқеи худро тағйир надод ва гуфт, ки марди мусаллаҳ бо туфангча ба ӯву рафиқаш таҳдиди куштан кард ва аз ин рӯ маҷбур шуд, ки аз худаш дифоъ намояд. Вале додгоҳ ин фарзияро напазируфт.
Абдулҳаким Борунов тақрибан ду сол мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт. Ҳадс зада мешуд, ки ӯ дар зодгоҳаш Тоҷикистон панаҳ бурдааст. Аммо моҳи майи соли равон маълум шуд, ки Борунов ҳама ин муддат дар Новокузнетск ба сар мебурд ва аз шаҳр берун нарафтааст.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, агар иттиҳом алайҳи Абдулҳаким Борунов тасдиқ шавад, ба ӯ то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.