Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бамгузори маргталаб худро дар Ҷалолобод тарконд


Дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон вилояти ҳаммарз бо Покистон як бамгузори маргталаб субҳи 2 июл худро тарконд ва дар ин ҳодиса2 кас кушта, даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ-сухангӯи волии вилояти Нангарҳор гуфт, ки ҳадафи ин бамгузори маргталаб хонаи иқоматии Ҳоҷӣ Ҳаёт будааст, ки сарварии гурӯҳи зидди Толибонро бар ӯҳда дорад.

Хугиёнӣ мегӯяд, ки Ҳаёт дар вулусволии Кути вилояти Нангарҳор ҳамчунин маъракаи зидди Толибонро бар уҳда дорад. Дар ин бамгузорӣ худи Ҳаёт осеб надидааст.

Ҳукумат садҳо нафар аҳолии вилоятро мусаллаҳ месозад ва ба онҳо машқ медиҳад, то ба гурӯҳҳои тундрав муқовимат кунанд.Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти бамгузории 2 июлро бар дӯш нагирифтааст.

Ба гуфтаи Хугиёнӣ, афроди захмӣ барои муолиҷа ба шифохона интиқол дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG