Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Рӯзи Русия Ҷоизаҳои давлатиро тақдим кард


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 12 июн дар Кохи Кремл ба олимону рассомон ва аҳли фарҳангу адаб Ҷоизаҳои давлатӣ барои соли 2015-ро супурд. Супурдани ҷоизаҳо дар чаҳорчӯби Рӯзи Русия сурат гирифт, ки аз соли 1990 ба ин сӯ дар рӯзи қабули эъломияи истиқлолияти кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Маблағи Ҷоизаи давлатии Русия 5 миллион рубл (тақрибан 76500 доллар) аст ва ба барандагон медалу шаҳодатнома ҳам супурда мешавад.

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ҳам шаҳрвандони кишварро бо Рӯзи Русия табрик гуфт.

Дар чаҳорчӯби ҷашн дар Маскав ва дигар манотиқи Русия консерту ҷашнвораҳо баргузор мешаванд ва шомгоҳон оташакпарронӣ сурат мегирад.

Дар як назарпурсии Маркази Левада, ки як сол пеш доир шуда буд, фақат се дар сади сокинони кишвар Рӯзи Русияро дар қатори идҳои муҳим номбар карда буданд.

XS
SM
MD
LG