Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми Қурмонбек Боқиевро бетағир гузошт


Қурмонбек Боқиев
Қурмонбек Боқиев

Додгоҳи Олии Қирғизистон ҳукми ҳабси абад барои Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ва бародари вай Жанишро бетағир гузошт. Онҳо барои ширкат дар кушторҳои 7 апрели соли 2010 дар Бишкек гунаҳгор дониста мешаванд.

Нурлан Ашимбаев-қозии додгоҳ изҳор дошт, ки Қурмонбек Боқиев ва бародараш барои куштор ва суистифода аз мақом дар ғиёбашон ба ҳабси абад маҳкум шудаанд ва молу дороиашон мусодира мешавад.

Қурмонбек Боқиев ҳамчунин барои ғайриқонунӣ ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда муттаҳам дониста мешавад. Вай 17 марти соли 2002, вақте ки мақоми нахуствазириро бар уҳда дошт, вазъи фавқулодда ҷорӣ карда буд.

17 марти соли 2002 пулис бар зидди шаҳрвандоне, ки ба ҳамоиш баромада буданд, аз аслиҳа истифода кард. Он вақт мардум ба ҳимояти Азимбек Бекназаров-раҳбари мухолифон эътироз карда буданд.

Дар натиҷаи задухурд бо нируҳои амниятӣ 5 нафар сокинони ноҳияи Оқсой кушта, 30 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

XS
SM
MD
LG