Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Се тан аз наздикони Кабирӣ барои "хабар надодан" зиндонӣ шуданд

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Додгоҳии олии Тоҷикистон се тан аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломиро ба иттиҳоми "хабар надодан", ба муддати яксолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Наздикони Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 3-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 2-юми июн баъди эълони ҳукми 14 нафар аъзои раёсати ҲНИТ, ҳукми ин се нафарро низ содир кардааст.

Писараммаи Муҳиддин Кабирӣ Ҷамшед Нарзуллоев - мудири ширкати "Бинокор-Сервис", бародари ҳамсари ӯ Маҳмадалӣ Раҳматуллоев, сардори шуъбаи кадрҳои "Бинокор-Сервис" ва Ҳикматулло Сайфов ронанда ва хеши ҳамсари Кабириро ҳамакнун барои "хабар надодан" як солро пушти панҷараҳои зиндон сипарӣ хоҳанд кард. Ин се нафар тирамоҳи соли гузашта аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо писари Муҳиддин Кабирӣ ва интиқоли маблағ ба Ҳоҷӣ Ҳалим, (Абдуҳалим Назарзода), генерал ва собиқ муовини вазири дифоъ боздошт шуда буданд.

Онҳо рӯзи 26-уми октябри дар телевизиони Тоҷикистон дар бораи интиқоли маблағ ва теъдоди он ба Руҳулло Тиллозода, писари бузурги Кабирӣ шаҳодат доданд. Аммо Руҳулло Тиллозода ва Муҳиддин Кабирӣ ин шаҳодати хешовандонашон иттиҳомро рад карда гуфтанд, бо Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҷузъ як рафиқи дерина ва салому алейк, ҳеҷ муомила ва рафту омад надоштанд.

Номи Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон, баъд аз ҳамлаҳои чоруми сентябр расонаӣ шуд ва мақомот ӯро барои ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳона айбдор карда, амалиёти густурдаро барои боздошти ӯ ва ҳамроҳонаш роҳандозӣ намуданд. Амалиёт алайҳи Назарзода ва афродаш рӯзи 16 сентябр дар дараи Ромит ба поён расид ва худи ҳамон рӯз ва як рӯз баъд, бо дастури Додситонии кулл 13 узви Раёсати олии ҲНИТ ба иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯб, боздошт шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам рӯзи 29 сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ намуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

20 дарсади муҳоҷирони сокини Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд

Фурудгоҳе дар Маскав

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав шумораи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русияро ҳисоб кардааст. Бино ба маълумоти бахши кор бо муҳоҷирати раёсати умури дохилии Маскав, феълан дар ин шаҳр 800 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд, ки аксарияташон зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд.Баъди қирғизҳову узбекҳо, дар пойтахти Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони тоҷик ба сар мебурдаанд, ки аз шумораи умумӣ 20 фоизро ташкил медиҳанд. Дар зимн, Вазорати корҳои дохилии Русия бо нашри як муроҷиатнома рӯзи 22-юми апрел бори дигар аз муҳоҷирони ғайрирасмӣ хост, ки ба зудтарин фурсат буду боши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд, то марзҳои ин кишвар барои солҳои тӯлонӣ ба рӯяшон баста нашавад.

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Русия ба сар мебаранд, тақозо шудааст, ки то поёни июни имсол мақоми худро қонунӣ кунанд.

Билетфурӯшиҳо: нархи билети парвозҳои чартерӣ кам шудааст

Дар нуқтаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон нархи билетҳои парвози чартерии ширкати "Уралские авиалинии" поийн омадааст. Дар билефурӯшиҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, агар то ду рӯзи пеш парвоз аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия тариқи ин ширакат аз 12 то 15 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло бар ивази 8 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад. Дирӯз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз чаҳор ширкати русӣ, бо шумули "Уралские авиалинии" тақозо кард, ки нархи билетҳои парвозҳои чартериро арзон кунанд. Раиси оҷонсӣ Икром Субҳонзода гуфт, тибқи мушоҳидаҳо ширкатҳои ҳавоии русӣ дар пайи зиёд шудани талабгорони сафар ба Русия “нархи билетҳояшонро беҳад боло бурданд". Икромзода афзуд, "ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ба ҷойи баланд кардани нархи билет теъдоди парвози ҳавопаймоҳоро зиёд кунанд. Ин дар ҳолест, ки қимати аз ҳад зиёд баланди билетҳо на танҳо хоси ширкатҳои русӣ, балки ватанӣ ҳам ҳаст ва мардуми ташнаи парвоз ба Русия бо нархҳои ҳангуфти билет рӯбарӯ шуданд.

Русия макони аслии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аст ва баста шудани марз ва роҳҳо ба Русия дар беш аз як соли охир бо сабаби пандемияи коронавирус бисёр хонаводаҳоро аз назари моливу иқтисодӣ дар ҳолати ногувор гузошт. Вале азсаргирии парвозҳо аз оғози моҳи апрел дар самти Тоҷикистон-Русия ҳамоно бо шумори маҳдуд сурат мегирад ва билетҳо то тобистони имсол фурӯхта шудаанд.

Манбаъҳо: Имомхатиби масҷиди Яккачинор баъди дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ боздошт шуд

Маросими дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, ки рӯзи 13-уми апрел дар 80-солагӣ даргузашт, бо ширкати ҳазорҳо тарафдорону ихлосмандонаш баргузор шуд

Манобеи мустақил ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ахиран боз як нафар аз ширктадорони маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ боздошт шудааст. Аз фарди дастгиршуда Асадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди Яккачинори шаҳри Душанбе ном бурдаанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шурои уламои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накард. Ҷузъиёти зиёд феълан дар даст нест.

22-юми апрел мақомоти расмӣ эълон намуданд, ки Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамроҳи 4 нафари дигар дастгир гардиданд. Боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ сурат гирифт. Аммо мақомот гуфтанд, ӯ ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" муттаҳам аст.

Билл Гейтс ва Майк Блумберг дар ҳамоиши энержии сабз аз Байден ҳимоят мекунанд

Суханронии президенти ИМА Ҷо Байден дар ҳамоиши вобаста ба тағйироти иқлим. 22-юми апрели соли 2021

Дар рӯзи дуюми ҳамоиши муҳими марбут ба тағйироти иқлим қарор аст ду миллиардери накӯкор Билл Гейтс ва Майк Блумберг, инчунин саноаткорони калони соҳаи пӯлодгудозиву раҳбарони иттифоқҳои барқчиён ба нишони дастгирӣ аз президенти ИМА Ҷо Байден дар заминаи коҳиши башиддати ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ба иқтисоди сабз табдил додани Амрико суханронӣ кунанд. Байден, ки дар рӯзи аввали ин нишаст 22-юми апрел суханронӣ мекард, гуфт, “тағйироти иқлим масъалаи бештар аз фақат як таҳдид аст”. Ӯ гуфт, ин масъала имконияти азими корро фароҳам мекунад. Президенти ИМА гуфт, тааҳҳуд кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2005, то соли 2030 ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар ИМА-ро то нисф кам мекунад. Дар ҷаласаи мазкур раҳбарони 40 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Бо чунин тааҳҳуди баландпарвозона Байден амалан бозгашти ИМА ба созиши Парижро намоиш дод. Ин созиш соли 2015 дар аҳди Барак Обама имзо шуд ва тааҳҳуди ИМА ин буд, ки то соли 2025 - 28 дарсади иқтисоди ин кишвар ба энержии сабз мегузарад. Вале президенти баъдӣ Доналд Трамп ИМА-ро аз ин созиш берун кард.

Дар ҳамоиши мазкур қарор аст масъалаҳои эҷоди корхонаву саноатҳои бунёдшуда бар асоси энержии сабз баррасӣ шаванд. Гейтс дар суханронии 23-юми апрелаш ба паҳлӯҳои мухталифи ин мавзӯъ муроҷиат хоҳад кард. Собиқ раҳбари Microsoft ва яке аз сарватмандтарин шахсиятҳои сайёра ҳудудан 2 миллиард долларро ба рушди фанновариҳои сабз хайр кардааст.

Бист дарсад аз муҳоҷирон дар Масква тоҷикон будаанд

Муҳоҷирон дар яке аз сохтмонҳои Маскав.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав шумораи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русияро ҳисоб кардааст.

Бино ба маълумоти бахши кор бо муҳоҷирати раёсати умури дохилии Маскав, феълан дар ин шаҳр 800 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд, ки аксарияташон зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд.

Баъди қирғизҳову узбекҳо дар пойтахти Русия, аз ҳама бештар муҳоҷирони тоҷик ба сар мебурдаанд, ки аз шумораи умумӣ 20 фоизро ташкил медиҳанд.

Зимнан, дирӯз, 22-юми апрел Вазорати корҳои дохилии Русия бо нашри як муроҷиатнома бори дигар аз муҳоҷирони ғайрирасмӣ хост, ки ба зудтарин фурсат буду боши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд, то марзҳои ин кишвар барои солҳои тӯлонӣ ба рӯяшон баста нашавад.

Шакли омехташудаи коронавируси дар Ҳинд ошкоршуда нигарониҳои навро ба бор овардааст

Хешовандони як қурбонии COVID-19 дар Деҳлӣ ба оташ задани ҷасад омода мешаванд

Дар ҳоле, ки низоми беҳдошти Ҳинд бо афзоиши рекордии шумори гирифторони COVID-19 рӯбарӯ шудааст, ошкоршавии вируси омехташудаи дугонае, ки аз намуди бритониёии коронавирус маншаъ мегирад, боиси нигарониҳои ҷиддии нав шудааст. Ин вирусро бо номи В.1.617. шиносоӣ кардаанд ва мегӯянд, ки ҳамакнун нигаронӣ аз паҳншавии ин навъи вирус дар ҷаҳон мавриди хатар буда метавонад. Нишонаҳои вируси дугонаи омехташуда то ҳол дар 22 кишвари дигар, аз ҷумла, ИМА, Австралия, Исроил, Белгия, Бритониё ва Сингапур тасдиқ кардаанд. Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии шакли нави коронавирус дар кишвар баъди Бритониё Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам тасмим гирифт, ки парвозҳои ҳавопаймоҳо аз Ҳиндро боздорад. Хатсайри Ҳинд-Иморот, ки то замони пандемия ҳафтае 300 бор анҷом мешуд, яке аз сермусофиртарин самтҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Канада ҳам гуфт, ки тамоми парвозҳо аз Ҳинду Покистонро барои 30 рӯз қатъ мекунад. Ин хатсайрҳо ҳам панҷяки тамоми парвозҳои берунӣ аз Канадаро ташкил медиҳанд. Ошкор ва паҳншавии шакли нави коронавирус на танҳо аз назари хатари бемориву марги инсон, балки аз назари таҳдиди нав ба сайёра мавриди нигаронӣ шудааст.

Ҷумҳурии Чех гуфт, то охири май бояд шумори кормандони сафорати Русия кам шавад

Дар як пора девори сафорати Русия дар Ҷумҳурии Чех навишта шудааст: "Путин, ба хонаат рав!"

Вазири умури хориҷаи Чех Якуб Кулҳанек гуфт, ки Русия бояд то охири моҳи май шумори кормандони сафораташ дар Чехияро баробар ба шумори кормандони намояндагии дипломатии Чех дар Русия коҳиш диҳад. Ин ба он маъност, ки 62 дипломати рус бояд корашонро қатъ кунанд. Пеш аз ин Ҷумҳурии Чех аз Маскав талаб кард, ки то нисфирӯзии 22-юми апрел қарори аз қаламрави Русия ихроҷ кардани 20 корманди сафорати Чехро бозбинӣ кунад. Маскав ба ин талаби Прага посух надод.

Кулҳанек таъкид кард, ки Ҷумҳурии Чех ҷонибдори шиддат ёфтани муносибатҳо бо Русия нест, вале, ба гуфтааш, онҳо интихоби дигар надоранд. Ӯ гуфт, «мо намехоҳем, ки қарори мо ҳамчун таҳдид ба Русия, ба мардуми ин кишвар ва нисбат ба шаҳрвандони ҷудогонаи ин кишвар, ки дар Ҷумҳурии Чех зиндагӣ, кор ва таҳсил мекунанд, арзёбӣ шавад».

Нахуствазири Чех Андрей Бабиш гуфт, ки президент Милош Земан аз иқдоми ҳукумат дастгирӣ кард. Земанро дар Ҷумҳурии Чех сиёсатмадори русгаро меҳисобанд. Аз ин пеш Сенати Чех аз ҳукумат даъват намуд, ки созишномаи равобит ва ҳамкориҳои дӯстона бо Русияро бекор кунад ва шумори кормандони сафорати Русия дар Прагаро то як нафар коҳиш диҳад.

Сафоратҳои Русия дар кишварҳои Аврупои Марказӣ назар ба давлатҳои дигар корманди зиёд доранд. Қарори коҳиш додани шумори кормандони дипломатии Русияро Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дастгирӣ карданд. Рӯзи чорашнбе се дипломати русро аз Словакия берун карданд.

Русия дар посух ба ихроҷи 18 дипломати рус аз хоки Чех талаб кард, ки 20 дипломати чех ин кишварро тарк кунанд. Мақомоти Чех мегӯянд, ки ин нафарон ба хадамоти вижаи Русия рабт доранд. Рӯзи 17-уми апрел мақомоти Чех хадамоти вижаи Русияро ба таркиши анбори силоҳ дар деҳаи Врбетитсе дар соли 2014 гунаҳгор карданд. Сухангӯи президенти Русия Владимир Путин ин иттиҳомотро рад кард. Дмитрий Песков гуфт, ки тадбирҳои андешидаи мақомоти Чех «оқилона нестанд ва ба равобити миёни ду кишвар осеб мерасонанд». Сафири Чех дар Маскав рӯзи 22-юми апрел ба ВКХ-и Русия даъват шуд. Дар ин мулоқот қарор шуд, ки дар намояндагиҳои дипломатии ду кишвар баробарии қотеи шумори кормандон риоят мешавад: 7 дипломат ва 25 корманди фаннӣ.

Хонаводаи тоҷик мегӯяд, моҳҳост аз Абхозистон берун омада наметавонад

Хуршед Мусоев, муҳоҷири тоҷик дар Абхозистон

Як марди тоҷик мегӯяд, бо ҳамсару ду кӯдаки ноболиғаш дар Абхозистон дармондааст ва моҳҳо боз талоши берун шудан аз ин минтақа барояш натиҷа надодааст.

Хуршед Мусоеви 39-сола ду сол пеш бо хонаводааш барои кор ба ин минтақа рафтааст.

Абхозистон соли 2008 аз ҳудуди Гурҷистон ҷудо шуд ва худро кишвари мустақил медонад. Тоҷикистон ин кишварро эътироф намекунад, аз ин рӯ, шаҳрвандонаш ҳангоми бозгашт аз ҳудуди ин кишвар ба Русия мушкил доранд.

Хуршед Мусоев мегӯяд, пас аз хуруҷи коронавирус беш аз як сол боз бекор аст ва дар шароити сахт зиндагӣ мекунад.

Ӯ гуфт, маъюби гуруҳи дуюм аст ва танҳо бо кумаки афроди хайрхоҳ ба сахтӣ сарпаноҳи муваққатӣ ёфтааст.

“Ба хотири кор омада будам, вале пас аз хуруҷи коронавирус бекор мондам. Муҳлати шиносномаи ду фарзандам тамом шудааст, чун барои кӯдакон ба муҳлати кутоҳ шиноснома медиҳанд. Вазъияти ногувор дорем, дар як ҷойи нохуб қарор дорем,--гуфт ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ба ин муҳоҷири дармонда барои берун шудан кӯмак мекунанд.

“Аз рӯйи қоида мо бо мақомоти Русия ҳамоҳанг мекунем ва онҳо як муддати кутоҳ роҳро боз мекунанд. Шаҳрвандоне, ки аз Абхозистон берун мешаванд, бояд дар Русия намонанд ва зуд ба Тоҷикистон баргарданд”,--гуфтанд дар сафорати Тоҷикистон.

Рӯзи 4-уми апрел сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода буд, ки 17 муҳоҷири тоҷикро аз ҳудуди Абхозистон берун карда, барои бозгашташон ба Тоҷикистон кӯмак кардаанд.

Навор аз рӯзи 10-уми апрел

Дар гузашта низ даҳҳо нафар сокинони Тоҷикистон дар марзи Русия ва Абхозистони эътирофношуда дармонда буданд. Аз ҷумла, соли 2013 беш аз 20 нафар муҳоҷири тоҷик, ки дар Абхозистон кор мекарданд, ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат карда буданд, ки наметавонанд, аз ин кишвар ба Русия ворид шаванд. Ба ин далел Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри як баёния шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки бинобар надоштани равобит ва муносибатҳои дипломатӣ ба Абхозистон сафар накунанд

Русия қоидаҳои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ сахттар кард

Яке аз фурудгоҳҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Қоидаи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия сахтар шудааст. Тибқи қарори сардухтури санитарии ин кишвар, акнун афроде, ки аз хориҷ вориди Русия мешаванд, бояд ду маротиба аз ташхиси коронавирус гузаранд.

Тести аввал дар муддати се рӯз баъди вориди Русия шудан супорида мешавад. Таҳлил ё тести дуввум дар муддати панҷ рӯз баъд аз расидан ба Русия бояд гузаронда шавад. Бар асоси қарори мақомоти тандурустии Русия, фосила миёни ташхисҳои якум ва дуюм бояд ҳаддиқал як рӯз бошад.

Дар эълоне, ки сомонаи Сафорати Русия дар Душанбе нашр кард омадааст, ин дастур ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ дахл дорад. Ҳоло аз Тоҷикистон ба Русия ҳафтае ду парвози доимӣ ва чанд парвози чартерӣ сурат мегирад.

Маскав дар ҳоле аз шаҳрвандони хориҷӣ ду маротиба супурдани тести коронавирусро талаб мекунад, ки мусофирон қабл аз парвоз дар ватанашон аз ташхиси COVID-19 мегузаранд.

Дар Узгени Қирғизистон аксияи зидди табодули замин бо Узбекистон шуруъ шуд

Узген, Ӯш, Қирғизистон. 22-юми апрели 2021.

Чанде аз деҳаҳои Қизил-Октбяри ноҳияи Узгени Қирғизистон рӯзи 22-юми апрел ба иқдоми эътирозии зидди табодули 50 гектар замин бо Узбекистон шуруъ карданд. Ин заминҳо дар наздикии сарбанди обанбори "Кампиробод" ҷойгир ҳастанд. Дар Узбекистон обанбори мазкурро обанбори Андиҷон меноманд.

Сокинони деҳаҳои Қизил-Октябр дар макони эътирозҳо юрт ё чодар насб карда, гуфтанд, ин иқдом бемуҳлат хоҳад буд. Сокинони маҳаллӣ пештар дар ҳузури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аз табодули замин норизоӣ баён карда буданд. Онҳо аз Тошиев хостанд, ки санади табодули замин бо Узбекистон бекор карда шавад.

Тошиев рӯзҳои 24-25 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо мақомоти он кишвар гуфтугӯи марзӣ анҷом дод. Рӯзи 26-уми март вай дар шаҳри Бишкек гуфт, ки бо Узбекистон ҳамаи масъалаҳои марзӣ ҳал ва ҳеч қитъаи баҳсӣ боқӣ намондааст. Вай гуфт, сарбанди обанбори "Кампиробод" комилан аз сӯи марзбонони Узбекистон назорат мешавад, аммо захираи обро ду кишвар ба таври муштарак истифода мекунанд.

"Дар ҳоли ҳозир атрофи 20 гектар аллакай симхор кашида шудааст. Вале ин на замини Узбекистон, балки замини мост. Ба назари ман, мо метавонем ба ҷои 50 гектар бо 20 гектар табодул кунем. Бигузор, 20 гектар дар онҳо бимонад. Он барои ҳифзи амнияти обанбор лозим аст. Барои ин бояд дубора гуфтугӯ кард. Ба ҷои ин 20 гектар мо метавонем аз дигар минтақаҳо 20 гектар замин талаб намоем", - гуфт Тошиев дар ҳузури сокинони маҳаллӣ рӯзи 19 апрел.

Сокинони маҳаллӣ бо ин пешниҳод розӣ шуданд. Мардуми деҳаи Интимаки Қирғизистон 17-уми апрел дар эътироз ба додани 50 гектар замин ба Узбекистон тазоҳуроти бидуни муҳлатро оғоз карданд.

Дар шаҳри Москваи Русия ҳам наздики сад қирғизистонӣ гирди ҳам омада, аз қарори КДАМ Қирғизистон дар робита ба марзи ин кишвар бо Узбекистон интиқод карданд.

Орозайим Норматов, яке ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ ва узви ҳаракати "Ман розӣ нестам" гуфт, "Замини Қирғизистон - моликияти хусусии КДАМ нест. Ин ниҳод ҳақ надорад, ки бе ризоияти мардум, порлумон тасмим гирад. Мо имрӯз ҷамъ шудем ва талаб мекунем, ки роҳбарияти КДАМ бо хоҳиши худ истеъфо диҳад".

Охири моҳи марти имоли КДАМ-и Қирғизистон гуфт, масъалаи баҳси марзиро бо Узбекистон "сад дарсад" ҳал кардааст. Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, байни ду кишвар дигар қитъаи баҳсӣ боқӣ намондааст.

Алифбои нави қазоқӣ бо ҳуруфи лотинӣ ба баррасии мардум пешниҳод шуд

Алифбои нави қазоқӣ.

Сомонаи лоиҳаҳои асноди ҳуқуқии Қазоқистон рӯзи панҷшанбе лоиҳаи фармони президенти ин кишварро дар бораи баъзе аз масъалаҳои гузариш аз алифбои қазоқии кирилӣ ба алифбои нави лотиниасос нашр кард.

Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон гузинаи нави алифбои қазоқии бо ҳуруфи лотиниро муаррифӣ карданд. Багуфтаи мақомот, алифбои нав аз миёни 40 гузина интихоб шудааст.

"Алифбои такмилшуда дорои 31 аломат аст, ки ҳамаи 28 овоз дар забони қазоқиро фаро мегирад. Ин алифбо тибқи меъёри "як овоз - як ҳарф" таҳия шудааст", - навишта буд сомонаи сарвазири Қазоқистон.

Ҳукумати Қазоқистон нақша дорад, ки тадриҷан аз соли 2023 то соли 2031 ба ҳуруфи лотинӣ гузарад.

Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев соли 2017 дастур дода буд, ки алифбои қазоқӣ ба лотинӣ тағйир дода шавад. Ин аллакай гузинаи чаҳоруми алифбо аст, ки ҳукумати Қазоқистон пешниҳод мекунад.

Бо дастури Назарбоев пештар ду гузинаи алифбо пешниҳод шуд, вале ҳар дуи онҳо мавриди интиқоди умум қарор гирифтанд.

Расонаҳои Ғарб гузариши Қазоқистон ба ҳуруфи лотиниро "ақибнишинӣ аз олами рус" номиданд.

Ҷумҳурии Чех 62 корманди сафорати Русияро ихроҷ мекунад

Сафорати Русия дар Прага.

Русия бояд то охири моҳи майи соли ҷорӣ теъдоди дипломатҳояшро дар Ҷумҳурии Чех ба теъдоди кормандони сафорати Ҷумҳурии Чех дар Москва кам кунад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех Якуб Кулганек иттилоъ дод. Ин маънои қатъи кор кардани 62 кормандонро дорад.

Рӯзи чаҳоршанбе Прага аз Москва талаб кард, ки то нисфирӯзии 22 апрел тасмими ирсоли 20 корманди сафорати Чехро аз Русия бозбинӣ кунад. Ба гуфтаи вазир, Москва ба ин талаб посух надод.

Кулганек гуфт, Чехия намехоҳад, муносибатҳояш бо Русия шиддат ёбанд, аммо мақомоти Чех, ба гуфтаи вай, интихоби дигаре надоранд. "Мо намехоҳем, ки тасмими мо ҳамчун таҳдид ба Русия, ба ҳамаи шаҳрвандони Русия, ки дар Ҷумҳурии Чех қарор доранд, баҳо дода шавад", - гуфт Кулганек.

Пештар аз ин порлумони Ҷумҳурии Чех аз ҳукумати ин кишвар хост, ки созишномаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Русия бекор ва теъдоди кормандони сафорати Русия дар Прага то ба ҳадди 1 кас кам карда шавад.

Ирсоли 20 корманди сафорати Ҷумҳурии Чех аз Русия баъди он сурат гирифт, ки Ҷумҳурии Чех 18 корманди сафорати Русияро берун кард. Мақомоти Чех гуфтанд, ин кормандони сафорати Русия ба ниҳодҳои махсуси рус рабт доштанд. Ниҳодҳои махсуси Русия дар Ҷумҳурии Чех дар таркиши анбори аслиҳае дар соли 2014 айбдор мешаванд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия айбҳои эъломкардаи Прагаро рад кард.

Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд сомонӣ векселҳои давлатиро ба фурӯш мебарорад

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард сомонӣ векселҳои давлатиро бо баҳраи солонаи 2 дарсад ва ба муҳлати даҳ соли оянда ба фурӯш мебарорад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора қарори рақами 119-ро содир кардааст. Нусхаи қарор 21-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Дар қарор ҳадаф аз нашри векселро "танзими қарзи давлатӣ" дар Тоҷикистон гуфтаанд. Бино бар ин қарор, векселҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешавад.

Ба ин тартиб, Вазорати молия вазифадор шудааст, нашру фурӯши векселҳои давлатиро ба роҳ монад ва механизми муомила бо онҳоеро, ки вексел мехаранд, муқаррар кунад.

Сокинон дар Тоҷикистон аз нашру фурӯши авроқи гаронбаҳои давлатӣ хотираи хуш надоранд. Солҳои 90-ум кишвар қисме аз маоши кормандони буҷетиро бо векселу вомбаргҳо мепардохт, ки дар ниҳоят на ҳама маблағи онро бозпас гирифтанд. Соли 2009 низ дар як маъракаи нимамаҷбурӣ ҳукумат саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба мардум фурӯхт, ки сокинон ҳанӯз аз он баҳрае нагирифтаанд.

Ҳамин гуна тирамоҳи соли 2017 Тоҷикистон бо нашр ва фурӯши вомбарг ва ё ба истилоҳ евробондҳо 500 миллион долларро ба муддати даҳ сол ба даст овард, ки баҳраи солонааш 7,125 дарсад аст. Мақомот гуфтанд, ин пул барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун харҷ хоҳад шуд.

Ҳар сол Тоҷикистон ҳудуди 32 миллион доллар баҳраи ин авроқро пардохт мекунад ва соли 2020 пурра ин қарзро бояд бозпас диҳад.

Тоҷикистон барои поин овардани нархи парвозҳои чартерӣ ба Русия ду рӯз муҳлат додааст

Икром Субҳонзода

Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба 4 ширкати ҳавопаймоии Русия, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, барои поин овардани нархи билет ду рӯз муҳлат додааст.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсӣ, рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат бо хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ин талабро дар ҷаласае вижа бо намояндагони ширкатҳои "Уралские авиалинии", UTair, "Сибирь" ва "Северный ветер" дар миён гузошт.

Ба қавли ӯ, санҷиш маълум кардааст, ки "ҳатто нархи ибтидоии парвозҳои чартерии ширкатҳои русӣ, ки аз 10 ҳазор сомонӣ оғоз меёбад, беасос баланд буда, қимати он тавассути миёнравҳо боз ҳам бештар шудааст".

"Аҳолии мо барои харидани билети гарон аз бонкҳо қарз мегиранд ва ин вазъияти молиявии бе ин ҳам душвори онҳоро душвортар мекунад. Илова ба ин, дар расонаҳо сару садо ва норозигии шаҳрвандони кишвар нисбат ба баланд будани нархи билет бениҳоят зиёд мешавад", -- гуфтааст Субҳонзода.

Вай дар суҳбат бо "Азия-Плюс" афзудааст, "ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ба ҷойи баланд кардани нархи билет теъдоди парвози ҳавопаймоҳоро зиёд кунанд. Дар ин самт, Агентии авиатсияи гражданӣ омодааст, ҷиҳати иҷозати саривақтии парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ чораҳои дахлдор андешад."

Тамосҳои батакрори мо ба Икром Субҳонзода барои посух гирифтан ба чанд суоли дигар то ин дам бенатиҷа буд.

Бо вуҷуди оғози парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия парвозҳои чартерӣ ҳанӯз амал мекунанд. Мақомот мегӯянд, ба сабаби кам будани парвозҳои мунтазам, ки дар ҳафтае ду бор дар назар аст, парвозҳои чартерӣ мондаанд.

Русия моҳи марти соли гузашта бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус марзи худро баст. Ин вазъ боис шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

Амрико солона ба Украина 300 миллион доллар кумаки низомӣ мекунад

Капитолий

Кумитаи робитаи хориҷии Сенати Амрико рӯзи 21-уми апрел аз тарҳи афзоиши ёриҳои низомӣ ба Украина пуштибонӣ кард. Ҳадаф аз ин тарҳ, кумак ба Киев дар баробари тавсеаталабиҳои Русия гуфта шудааст.

Бар пояи ин тарҳ, то соли 2026 солона ба Украина ба миқдори 300 миллион доллар кумаки низомӣ ироа хоҳад шуд, ки 150 миллион доллари он вобаста ба шароит аст.

Барои ба ҳолати иҷро даромадани тарҳ, он бояд аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб ва аз тарафи президент Ҷо Байден имзо шавад.

Киев ҳамакнун хостори кумакҳои бештар аз кишварҳои ғарбӣ барои муқобила бо таҷаммӯи низомии Русия дар наздикии марзҳои Қрими ишғолӣ шудааст.

"Дар ҳоле ки президенти Русия Владимир Путин ба ташдиди вазъ дар марз бо Украина идома медиҳад, мо бо як садо суҳбат мекунем ва бори дигар бар ҳимояти худ аз мардуми Украина ва ҳифозат аз манфиатҳои амнияти миллии наздиктари шарикони худ таъкид мекунем",-гуфт сенатор Боб Менендез, раҳбари демократи Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенати Амрико дар як баёния.

Ҳамчунин дар ин лоиҳа гуфта шудааст, президент бояд гузориш диҳад, ки оё 20 ширкат, ки ба бунёди лӯлаи гази Nord Stream 2 кумак мекунанд, таҳрим шаванд ё не.

Амрико мухолифи такмили хатти лӯлаи газ аст, ки гази Русияро тавассути Баҳри Сиёҳ ба Олмон мерасонад.

Дар Ҳинд дар як рӯз беш аз 300 ҳазор нафар ба COVID-19 мубтало шуданд

Ҳинд дар рӯбарӯи як бӯҳрони беҳдоштӣ қарор дорад.

Ҳинд, ки бо мавҷи дувуми пандемияи коронавирус рӯ ба рӯ аст, рӯзи 21-уми апрел ҳолатҳои бештари гирифторӣ ба ин бемориро сабт кард.

Мақомоти Ҳинд рӯзи 22-юми апрел эълон карданд, ки дар 24 соати гузашта 314,835 нафар дар ин кишвар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 2104 нафар ҷон бохтанд. Расонаҳои маҳаллӣ дар ин кишвар гуфтаанд, эҳтимол омори воқеӣ бештар аз ин бошад.

Ҳинд, ки 1,3 миллиард аҳолӣ дорад, дар ҳоли ҳозир бо камбуди бистар ё ҷойи хоб дар бемористонҳо ва дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ рӯ ба рӯ мебошад.

Дар ҳоли ҳозир Деҳлӣ -- пойтахти Ҳинд ба таври комил дар ҳолати карантин ба сар мебарад. Дар ин шаҳр натиҷаи озмоиши аз се як нафар мусбат будааст.

Мансабдорони Ҳинд гуфтаанд, дар шаҳрҳои дигар ҳам чораҳои ҷиддӣ барои пешгирӣ аз густариши коронавирус рӯи даст гирифта шудааст.

Аз оғози пандемия то кунун дар Ҳинд наздик ба 16 миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 185 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Таркиш дар Покистон панҷ нафарро кушт ва 12 касро захмӣ кард

Таркиш рӯзи 21-уми апрел рух дод

Мақомоти Покистон гуфтанд, бар асари таркиш дар таваққуфгоҳи як меҳмонхонаи боҳашамат дар шаҳри Кветта камаш панҷ нафар кушта ва 12 нафари дигар захмӣ шуданд.

Мансабдори полис Муҳаммад Мунир гуфт, чанд мошине, ки дар наздикии меҳмонхонаи "Серена" истода буданд, рӯзи 21-уми апрел оташ гирифтанд. Гуфта мешавад, вазъи баъзе аз захмиён вазнин аст.

Гурӯҳи Таҳрики Толибон, машҳур ба Толибони Покистон, масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт ва гуфт, мақомотро ҳадаф қарор дод.

Вазири корҳои дохилии Покистон Шайх Рашид Аҳмад гуфт, як ҳайати чинӣ таҳти роҳбарии сафир дар меҳмонхонаи "Серена" қарор доштанд. Ин меҳмонхона дар паҳлӯи бинои консулгарии Эрон ва хонаи волии минтақа ҷойгир аст.

Кветта маркази аз манобеъ бойи Балуҷистон аст, аммо аз соли 2004 ба ин сӯ шоҳиди хушунатҳои мазҳабиву ҳамлаҳои ҷангҷӯёни исломгаро ва шӯришҳои ҷудоихоҳон аст. Дар ин даргириҳо ҳазорҳо кас ҷон бохтаанд.

Дар Қирғизистон навъҳои нави коронавирусро ошкор кардаанд

Бемористоне дар Бишкек

Таҳқиқ нишон додааст, ки дар миёни гирифторони бемории коронавирус дар Қирғизистон навъҳои нави бритониёӣ, африқоӣ ва ҳиндиву русӣ низ ҳастанд. Дар ин бора рӯзи 22-юми апрел масъулони Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон хабар доданд.

Мақомот ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки ниқоби тиббӣ пӯшанду масофаи ҷисмониро риоя кунанд ва агар аломати бемориро доштанд, ба пизишкон муроҷиат кунанд.

Қаблан Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфта буд, ки озмоишгоҳҳои ин кишвар навъҳои нави бемории ҳамагирро муайян карда наметавонад ва, аз ин рӯ, мавод барои таҳлил ба Бритониё ва Русия фиристода шудааст.

Дар Қирғизистон аз аввали моҳи апрел афзоиши сирояти коронавирус ба мушоҳида мерасад. Танҳо дар рӯзи 21-уми апрел дар ин кишвар 380 мавриди нави сирояти беморӣ ва марги 5 нафар аз он сабт шудааст.

Аз оғози пандемияи коронавирус дар Қирғизистон беш аз 93 ҳазор кас бемор шуда, 1566 кас ҷони худро аз даст додаанд.

Тазоҳуроти норозиён аз натиҷаи интихобот дар Бишкек

Эътироз дар Бишкек

Намояндагони чанд ҳизби сиёсии Қирғизистон дар эътироз ба натиҷаҳои интихобот рӯзи 22-юми апрел дар назди бинои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар тазоҳуротеро баргузор карданд.

Тазоҳургарон бекор кардани натиҷаи интихоботи маҷлиси шаҳрии Бишкекро талаб доранд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҷараёни интихоботи вакилони маҷлиси шаҳрӣ ҳолатҳои харидани овозҳо ва суистифода аз манбаъҳои маъмурӣ сурат гирифтааст.

Ба назди тазоҳургарон муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон Абдуҷаббор Бекматов баромада, гуфт, тамоми шикоятҳоро баррасӣ карда, сипас чора хоҳанд андешид.

Дар Қирғизистон 11-уми апрел интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд. Барои 45 курсии маҷлиси шаҳрии Бишкек 1820 номзад аз 25 ҳизб мубориза бурданд. Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, танҳо 6 ҳизб раъйи заруриро барои ворид шудан ба маҷлис ба даст овардаанд.

Дар кони тило дар Узбекистон се кас зери сангреза монд. Як нафар ҷон бохт

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 21-уми апрел дар кони тилои Қарахотуни вилояти Самарқанди Узбекистон се коргар зери сангреза монданд. Улуғбек Нуралиеви 42-сола дар ҷойи ҳодиса фавтид. Ду каси дигарро зинда берун оварданд.

Додситонӣ ҳодисаро тафтиш мекунад.

Ҷасади Улуғбек Нуралиевро ба пайвандонаш додаанд ва дар ҳамон рӯзи ҳодиса ӯро дафн карданд. Нуралиев се фарзанд дошт.

Коргарони кон гуфтанд, сабаби зери санг мондани ҳамкорони онҳо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ будааст.

Ширкати куҳиву металлургии Навоӣ, ки кони тилои Қарахотун ба он тааллуқ дорад, дар соли 2020 ҷои аввалро аз рӯи ҳаҷми истихроҷи тило соҳиб шуда буд.

Як сарбози тоҷикро барои фирор аз артиш ду сол аз озодӣ маҳрум карданд

Акс аз бойгонӣ

Як сарбози тоҷикро барои фирор аз қисми ҳарбӣ ва талоши дуздӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки сарбоз Кароматулло Буракзода моҳи октябри соли гузашта ба хидмат даъват шуда буд. Ба иттилои расмӣ, вай рӯзи 8-уми ноябри соли гузашта маҳалли хидматро дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ “худсарона тарк кардааст”. Назари ӯву наздиконаш ба қазия маълум нест. "Номбурда рӯзи 17-уми ноябр ба хонаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рудакӣ ворид шуда, аз он ҷо баъзе ашё ва маблағро дуздида, аммо дар саҳни ҳавлӣ аз ҷониби соҳибхона ва ҳамсояҳо дастгир шудааст”, -- гуфтанд дар Додситонии кулли Тоҷикистон. Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе Буракзодаро ду сол аз озодӣ маҳрум кард, вале маълум нест, маҳкумшуда дар мурофиа чӣ гуфтааст.

Парвандаи қатли Жанболат Оғодил. Ба гумонбарон аз 4 то 18 сол зиндон хостанд

Жанболат Оғодил

Дар додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон муҳокимаи додгоҳии қатли Жанболат Оғодили 17-сола ба поён наздик мешавад. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, гуноҳи айбдоршавандаҳоро исботшуда эътироф ва ба онҳо аз 4 то 18 сол зиндон таъйин кунад.

Дар курсии айбдорӣ шаш нафар: Назарбеков, Абилдаев, Сиддиқ, Ҷумъахон, Асболат ва Раҳмат нишастаанд. Онҳо ба "авбошӣ", "пинҳон кардани ҷиноят" ва "куштор" айбдор мешаванд.

Баъзе аз айбдоршавандаҳо ин иттиҳомҳоро рад карданд. Қарор аст, додгоҳ юа зудӣ ҳукм содир кунад.

Жанболат Оғодил шаби 11-уми ноябри соли 2020 дар шаҳри Нурсултон кушта шуд. Як рӯз баъд пулис эълом кард, ки гумонбарони қатли ӯро дастгир кардааст. Пулис гуфт, гуруҳе аз ҷавонон он шаб занозанӣ кардаанд, ки дар натиҷа Жанболат "аз зарби корд" кушта шуд.

Давлат Оғодил, падари Жанболат, яке аз фаъолони иҷтимоии Қазоқистон буд, ки дар бисёре аз гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ширкат меварзид. Шаби 24-уми феврали соли 2020 ӯро аз манзили зисташ ба идораи пулис бурданд ва субҳ ба пайвандонаш хабар доданд, ки вай дар боздоштгоҳ даргузашт.

Ҳомиёни ҳуқуқ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд.

Бозгашти "Ботир алюминий" ба Узбекистон: ин бор ба сиёсат

Ботир Раҳимо ва Диёра Усмонова. Акс аз Instagram

Молики пешини дастаи футболи "Пахтакор" ва меҳмонхонаи "Узбекистон"-и шаҳри Тошканд Ботир Раҳимов, маъруф ба "Ботир алюминий" ҳафтаи гузашта дар як тӯй дар пойтахти Узбекистон дубора дида шудааст.

Раҳимови 55-сола, ки соли 2010 дар Узбекистон як муддат зиндонӣ шуда буд, давоми беш аз даҳ соли охир дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Туркия ба сар мебурд. Ӯ дар аввали солҳои 2000-ум кони волфрамеро дар Ҷиззах дар ихтиёр дошт ва барои тиҷорати алюминий дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун "Ботир алюминий" шинохта шудааст.

Ботир Раҳимов баъди аз тиҷорат канор рафтан ба хонаводаи президенти кунунии Узбекистон Шавкат Мирзиёев наздик шуд. Ӯ ва Диёра Усмонова, ҷияни ҳамсари президенти Узбекистон Зироатхон Мирзиёева, соли 2017 эълом карданд, ки соҳиби писар шуданд.

Мансабдори узбеке, ки Раҳимовро дар тӯй дидааст, гуфт, вай ҳамроҳи хонаводааш ҳоло дар шаҳри Тошканд зиндагӣ мекунад ва дубора бо тиҷорат машғул аст.

Раҳимов ва Диёра Усмонова бори аввал дар Тошканд дар моҳи октябри соли 2020 дар нахустнамоиши филми "Мендирман Джалолиддин"-и духтари калонии президенти Узбекистон Саида Мирзиёева дида шуданд.

Ба гуфтаи як мансабдор дар ҳукумати Узбекистон, ба тиҷорати машкуки Раҳимов, ки дар давраи президентии Ислом Каримов дороиҳояш мусодира шуда буданд, на танҳо иҷозат, балки барояш дар интихоботи ояндаи президентии он кишвар "нақши хоси сиёсӣ" ҳам дода шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Раҳимов бо дархости хонаводаи Мирзиёевҳо ҳамчун "сафир" бо раиси Ҳизби мухолифи демократии "Эрк" Муҳаммад Солеҳ мулоқот ва созишеро пешниҳод кардааст.

Дар гирдиҳамоиҳои Русия зиёда аз 1700 ҷонибдори Навалний боздошт шуданд

Боздошти эътирозгарон дар Петербурги Русия, 21 апрели соли 2021

Дар намоишҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои гуногуни Русия пулис беш аз 1700 касро боздошт кард. Ин тазоҳурот бо талаби раҳоии раҳбари зиндонии оппозисиюн Алексей ва дар ҳоле баргузор шуданд, бино бар гузоришҳо вазъи саломатии Навалний дар маҳбас бад шуда, ҳафтаи сеюми гуруснанишинии ӯ оғоз ёфтааст. Ҳамчунин намоишу раҳпаймоиҳо рӯзи 21 апрел соате пас аз паёми солонаи президенти Русия Владимир Путин аз Владивосток дар Шарқи Дур то Калининград дар соҳили Балтик шуруъ шуданд. Ба ин маърака роҳбарони Бунёди мубориза бо фасоди Навалний аз тарси он даъват карданд, ки агар ба мунаққиди Кремлин ёрии муносиби тиббӣ расонда нашавад, ба ӯ зарари "ҷуброннопазир" таҳдид хоҳад кард. Расонаи ОВД-Инфо, ки боздошти эътирозгарон ва фаъолони сиёсиро назорат мекунад, хабар дод, ки то охири шаби 21 апрел дар саросари Русия беш аз 1700 нафар боздошт шуданд ва тақрибан нисфи боздоштҳо дар Санкт-Петербург рух додаанд. Намоишҳои саросарӣ ҳамагӣ чанд рӯз пас аз он ҷараён гирифтанд, ки мақомоти Русия Бунёди зиддифасоди Навалнийро бастанд ва онро як созмони "экстремистӣ" номиданд. Шарикони Навалний ибтидо ният доштанд, ки дертар дар баҳори имсол митинг баргузор кунанд, аммо аз тарси он ки саломатии Навалний пас аз оғози гуруснанишинияш дар маҳбас бадтар мешавад ва дар ҳоле ки ӯ аз дарди шадиди пушт ва пойҳояш шикоят мекунад, аз ёрии муносиби тиббӣ маҳрум аст. "Мо бовар дорем, ки ҷони ҷаноби Навалний ҷиддан зери хатар аст", гуфт гурӯҳи чорнафарии коршиносони мустақили ҳуқуқи башари СММ дар як баёния рӯзи 21 апрел. Шумораи эътирозгарон ин бор назар ба гирдиҳамоиҳои пешинаи ҷонибдорони Навалний дар шароити ҳузури шадиди полис камтар ба назар мерасид. Аввали рӯз дар чандин шаҳр дафтарҳои бунёди ӯро кофтукоб карданд ва бастанд ва майдонҳои асосии ҷамъомади тарафдоронаш низ баста шуданд.

Корпартоии нафткашҳои қазоқ дар Жанаозен бо талаби маоши бештар

Ҳудуди 20 корманди ширкати нафти "Мадиева"-и шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки ба корхонаи "МунайФилдСервис" хидмат мерасонанд, даст ба корпартоӣ заданд.

Онҳо талаб доранд, ки ҳамчун корманди "МунайФилдСервис" сабтином ва маошашон боло бурда шавад. Яке аз корпартоён Женис Бапилов хабар дод, ки онҳо дар назди бинои бахши Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ҷамъ шуданд.

"Мо барои "МунайФилдСервис" кор мекунем. Як сол мешавад, ки ба раҳбарият ва шаҳрдорӣ муроҷиат кардаем, вале бенатиҷа аст. Маоши мо 80-90 ҳазор танга мебошад. Талаб дорем, ки моро ҳамчун корманди "МунайФилдСервис" ба қайд гирифта, дар ҳаҷми 180–200 ҳазор танга маош диҳанд", - афзуд Женис Бапилов.

Шаҳрдори Жанаозен Мақсад Ибагаров гуфт, ки дар "Мадиева" санҷиши меҳнатӣ оғоз шудааст. "Мо ба онҳо тартиботи муқарраршударо фаҳмондем. Корҳо дар ин самт ҷараён доранд", - афзуд шаҳрдор.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG