Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба бинои додгоҳ Ғазнӣ ва қатли 10 нафар


Толибони Афғонистон ба бинои додгоҳи вилояти Ғазнӣ ҳамла бурдаанд. Дар ин ҳамла 10 нафар кушта шудаанд. Дар миёни онҳо 5 ғайринизомӣ ва як корманди пулис низ будаанд.

Вазорати корҳои дохила мегӯяд, ки “чаҳор террорист” 1 июн дар шаҳри Ғазнӣ ба додгоҳ ҳамла бурдаанд. Сухангӯи волии вилоят мегӯяд, ки аввал як бамгузори маргталаб худро дар даромадгоҳи додгоҳ таркондааст ва се нафраи дигар ба дохили бино ҳамла бурдаанд.

Дар оташи ҷавобии нируҳои амниятӣ 3 ҳамлакунанда кушта шудаанд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳҳои Толибон бар душ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG