Генерал Роҳил Шариф-мақоми низомии Покистон мегӯяд, ки раиси ситоди артиши ин кишвар бо Девид Ҳейл-сафири Амрико мулоқот ва нигаронии ҷиддии Исломободро аз ҳамлаи бесарнишини амрикоӣ дар хоки Покистон ба вай расондааст.
Дар ин ҳамла мулло Ахтар Мансур-раҳбари Толибон кушта шуд. Дар эъломияи 25 май Роҳил Шариф ин ҳамларо “нақзи соҳибистиқлолии кишвараш ва мухолифи раванди сулҳ” номид.
Ин эъломия дар ҳоле пахш мешавад, ки як рӯз пеш Чоудрӣ Нисор Алихон-вазири дохилаи Покистон аз ин ҳамлаи бесарнишин шикоят ва аз суханони ҳукумати Амрико интиқод кард ва гуфт, ки он“бо муқаррароти байналмиллалӣ муғоират дорад”. Амрико гуфта буд, “ҳар касе, ки ба Амрико хатар эҷод мекунад, дар ҳар ҷо ҳадаф қарор дода мешавад”.