Бо он ки бархе сокинон бо истифода аз ҳуқуқҳои худ пойи сандуқҳои раъй рафтанд, аммо дар бораи тағйиру иловаҳои Қонуни асосӣ маълумот надоранд ва дуруст намедонанд, ки барои чӣ раъй доданд.
Дар шарҳи зарурати райъдиҳӣ, аксар мусоҳибони мо мегуфтанд, овози онҳо барои тинҷиву оромии кишвар муҳим аст. Ҳангоми сӯҳбат бо раҳгузарҳо, ҳамчунин чанд нафар бо ибораҳои мухталиф ин ақидаро матраҳ карданд, ки иштирок дар раъйпурсӣ сарфи беҳудаи вақт аст ва ҳатто бо расонаҳо ҳам сӯҳбат кардан намехоҳанд.
Файзулло Камолов, сокини ноҳияи Ҳисор, ки пас аз райъдиҳӣ барои идомаи кор дар яке аз сохтмонҳои пойтахт мерафт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тамоми зиндагияш дар доираи қонун аст ва аз ин хотир пойи сандуқи раъй рафт. Вай таъкид кард, ки “ҳоло дар тамоми соҳа камбудӣ ҷой дорад ва умедвор аст, пас аз ин тағйир ба Қонуни асосӣ мушкилиҳо дар ҷомеа ҳал мешаванд.”
Агарчӣ дар кишвар бештари райъдиҳандагон ҷавон ҳастанд, вале аксари онҳо ҳам дар бораи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ маълумоти кофӣ надоранд. Кароматулло Азизбекзода, донишҷӯи ДМТ-ро таблиғҳои зиёди ин маърака дар донишгоҳ водор кард, ки худаш раъйяшро ба қуттӣ резад. Аммо ӯ ҳангоми сӯҳбат дар яке аз хиёбонҳои Душанбе гуфт, дар мавриди тағийри беш аз 40 банди сарқонуни Тоҷикистон чизе намедонад.
Ин навори видеоии Радиои Озодӣ, ки дар кӯчаҳои Душанбе сабт шудааст, низ нишон медиҳад, ки аксарият ба ҷуз “иловаҳо ба Қонуни асосӣ” дигар чизе дар бораи ин райпурсӣ намедонанд ва танҳо ба хотирӣ “оромии Ватан” пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.