Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Лукашенко аз Италия боздид мекунад


Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус барои музокира бо мақомоти раҳбарии Италия аз ин кишвар боздид мекунад. Дафтари матбуотии Лукашенко 21 май дар ҷараёни боздид гуфт, раҳбари Беларус мехоҳад, ки тиҷорат ва сармоягузориҳоро дар кишвари худ афзоиш диҳад.

Баъд аз мулоқот бо Сергио Маттарелла-раиси ҷумҳури Италия Лукашенко ба нақша гирифтааст, ки бо Франсис-попи Рум низ дар Ватикан мулоқот кунад.

Ин боздидҳо дар марҳилае сурат мегиранд, ки Луккашенко талош дорад, робитаи худро бо Ғарб, ба вижа бо Иттиҳодияи Аврупо “гармтар” кунад.

Иттиҳодияи Аврупо бисёре аз таҳримҳои зидди Беларусро бардоштааст. Ин таҳримҳо барои саркӯбии мухолифон, матбуоти мустақил ва фаъолони ҷомеаи маданӣ ҷорӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG