Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эътирозҳои бештар дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон эътирозҳо бар зидди қонуни зиддунақизи ба иҷора додани заминҳои кишоварзӣ бештар шудааст. Мақомоти интизомӣ фаъолонро ба муҳосира гирифтаанд.

Фаъолон ва сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат тасмими ҳукуматро дар бораи ба иҷора додани чунин заминҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ба мӯҳлати 25 сол ба чолиш кашидаанд.

Дар остонаи эътирозҳои ба нақша гирифташудаи 21 май дар Алмаато пулис дастикам 5 нафари дигарро боздошт кард. Ду фаъоли дигар 20 май барои “омодагӣ ба эътирозҳои ғайриқонунӣ” 15 рӯзӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Матбуоти давлатии ин кишвар мегӯяд, ки ин тазоҳуроти эътирозиро нируҳои севвум аз хориҷи кишвар созмон додаанд.

Amnesty International ё Созмони Афви Байналмиллал аз мақомоти Қазоқистон хост, ки тақрибан 30 нафарро, ки дар робита бо эътирозҳои қонуни замин боздошт шудаанд, аз зиндонҳо раҳо кунанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Наздиконаш мегӯянд, Асрориддин Розиқовро баъди се моҳи боздошт аз телевизион диданд

Асрориддин Розиқов

Пайвандони Асрориддин Розиқови 38-сола мегӯянд, ки пас аз се моҳи боздошт ӯро тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон диданд ва, ба иддаои онҳо, "ӯ зери фишор баёнот додааст".

Вай писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст.

Розиқови хурдиро моҳи июни имсол дастгир карданд. Наздиконаш мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо ӯро боре аз наздик дида натавонистанд, аммо дар нимаи дувуми моҳи сентябр дар филми, ба гуфтаи мақомот, мустанади "Хиёнат" зоҳир шудааст.

Дар ҳоле ки мақомот дар ин филм дар бораи сармоягузорӣ ба терроризм суҳбат мекарданд, Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин мегӯяд, "маълум аст, вай таҳти фишор ҳарф мезанад. Гап дар бораи маблағе аст, ки наздикони маҳбусон дар Аврупо ҷамъ оварда ва ба хонаводаи онҳо фиристодаанд. Онҳо муҳтоҷ ҳастанд."

Асрориддин Розиқов дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул будааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ӯ "бар асоси қисми дуи моддаи 307 (замимаи 3)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, диние, ки аз ҷониби суд фаъолияташ манъ карда шудааст”, муттаҳам аст.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Тоҷикистон хостааст, "Асрориддин Розиқовро фавран озод кунад" ва “дар заминаи боздошти худсарона таҳқиқот анҷом дода, масъулонро ба ҷавобгарӣ кашад”.

Дар Қазоқистон як блогери ҷонибдори Русияро боздошт карданд

Эрмек Тайчибеков, блогери ҷонибдори Русия дар Қазоқистон

Додгоҳи Қазоқистон як блогери тарафдори Маскавро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ дар расонаҳои давлатии Русия то оғози мурофиа барои ду моҳ боздошт кард.

Эрмек Тайчибеков соли 2015 низ бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати қавмӣ ва барои дастгирии идеяи пайвастшавии Қазоқистон бо Русия ба чор соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ӯ ду сол адои ҷазо кард ва соли 2017 озод шуд.

Вакили дифои Тайчибеков рӯзи 26-уми сентябр гуфт, ки ҳуқуқи зерҳимояаш замони боздошт риоя нашудааст ва ӯро таҳдид кардаанд.

Тайчибеков зоҳиран барои изҳори назарҳояш дар расонаҳои Русия боздошт шудааст. Ӯ дар як мусоҳиба бо “Украина.ру”, як вебсайти марбут ба “Россия сегодня”, ки ҳодисаҳои Украинаро аз нигоҳи Русия шарҳ медиҳад, боздошт шудааст.

Ӯ дар ин суҳбаташ дар пасмназари парчами замони императории Русия гуфт, ки ҳукумати Қазоқистон сиёсати зидди русҳоро пеш гирифтааст.

Президенти Эрон таҳримҳои ИМА-ро “ваҳшигарӣ” хонд

Ҳасан Рӯҳонӣ, президенти Эрон

Ҳасан Рӯҳонӣ, президенти ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 26-уми сентябр дар як сӯҳбати телевизионӣ ба эрониён гуфт, ки барои таҳримот гиребони Вашингтонро бояд гирифт.

Рӯҳонӣ таҳримҳое, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби ИМА ҷорӣ шуд, “ваҳшигарӣ” хонд. Ӯ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида "бо таҳримҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии худ ва амалҳои террористӣ" миллиардҳо доллар хисорот ворид кардааст.

Ӯ гуфт: “Мардум агар барои мушкил мехоҳанд лаън ва нафрин бикунанд, лаъну нафрин бояд ба адреси Вашингтон карда шавад. Адреси тамоми ҷиноёт алайҳи миллати Эрон Вашингтон, Кохи Сафед аст.”

Ӯ гуфт, ки амрикоиҳо бо таҳримҳои, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунӣ 150 миллиард доллар ба Эрон зарба задаанд.

Таҳримҳои нав зидди Эрон рӯзи 21 сентябр эълом шуд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки он ба ашхос ва созмонҳои марбут ба фаъолиятҳои атомии Эрон ё барномаҳои силоҳи мушакӣ ва маъмулии он дахл дорад.

Ин тасмим пас аз он гирифта мешавад, ки ИМА аз созиши ҳастаӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон канор рафт.

Соли 2015 дар замони президентии Барак Обама, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон бо Эрон созиши ҳастаӣ имзо карда буданд. Бар асоси ин созиш Эрон аз ғанисозии уран, ки эҳтимоли сохтани бомбаи ҳастаиро бештар мекунад, даст мекашад ва дар иваз ин кишварҳо ваъдаи сабуктар кардани таҳримҳоро дода буданд.

Доналд Трамп, президенти кунунии Амрико аз ин созишнома берун шуд. Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳанӯз ба ин созиш пойбанд ҳастанд ва рафторҳои ИМА-ро танқид мекунанд.

Халилзод сабаби ба оташбас розӣ нашудани Толибонро шарҳ дод

Залмай Халилзод, фиристодаи Иёлоти мутаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон

Фиристодаи Иёлоти мутаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон ҳадс зад, ки Толибон то ба даст омадани созиши сиёсӣ бо ҳукумати Афғонистон ба оташбаси доимӣ розӣ нахоҳанд шуд.

Залмай Халилзод рӯзи 25 сентябр дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии PBS гуфт, "ман фикр мекунам, ки Толибон ба созиши оташбас, ҳамаҷониба ва доимӣ розӣ намешаванд, то он даме, ки мувофиқаи сиёсӣ ҳосил нашавад".

Халилзод ин ҳарфҳоро баъди он зад, ки аз вай пурсида шуд, ки чаро Толибон бо ҳукумати Афғонистон музокира доранд, вале ҳамчунон ба амалиёти ҷангӣ идома медиҳанд.

Халилзод дар посух ба ин суол, ки чаро ҷангиёни Толибон бо шабакаи террористии "Ал-Қоида" робитаи худро гусаста накарданд, чуноне дар як созишномаи худ бо ИМА ишора шудааст, ӯ гуфт, Вашингтон вазъро дар моҳҳои наздик баррасӣ хоҳад кард ва шумораи нерӯҳояшро чуноне ба 8, 500 баробар аст ба андозаи 4000 то ба 5000 коҳиш хоҳад дод.

Мусоҳибаи Халилзод дар ҳоле пахш шуд, ки бар асари амалиёти пай дар пайи Толибон даҳҳо сарбозони амниятӣ ва неруҳои ҳукумати Афғонистон кушта ва захмӣ шуданд.

Рӯзи 26-уми сентябр ҷангҷӯёни Толиб гуфтанд, ки теъдоди номаълуми сарбозони давлатиро куштаанд.

Як зан ба мақоми додраси Додгоҳи олии ИМА пешниҳод шуд

Эми Конӣ Баррет, номзад ба мақоми додраси Додгоҳи Олии ИМА

Доналд Трамп, президенти ИМА номзадии Эми Конӣ Баррет, додраси 48 солаи муҳофизакорро ба мақоми додраси Додгоҳи олӣ пешбарӣ кард.

Ӯро аз нафароне медонанд, ки сиёсатҳои Трампро пуштибонӣ мекунад.

Дар сурати ҷонибдории Сенат аз ӯ, Эми Конӣ Баррет ба ҷойи Рут Байнер, додраси ин додгоҳ, ки дар синни 87 солагӣ фавтид, додраси Додгоҳи Олии ИМА хоҳад шуд.

Нозирон мегӯянд, Баррет ягона нафарест, ки Доналд Трамп шахсан дар ин авохир бо ӯ сӯҳбат кардааст.

Демократҳо, аз ҷумла Ҷо Байден, номзад ба мақоми президенти ИМА ба ин назар аст, ки номзад ба мақоми додарси Додгоҳи олиро бояд ғолиби интихобот пешниҳод кунад. Интихобот дар Амрико моҳи ноябр бояд баргузор шавад.

Баррет дар як маросим гуфт, ки "Амрико ва конститутсияи онро дӯст медорам" ва таъкид кард, дар мақомаш бо масъулият кор хоҳад кард.

Доналд Трамп додрасро ҳамроҳ бо хонаводааш ба Қасри сафед даъват кард.

Эми Конӣ Баррет соли 1972 дар аёлати Орлаени Нав ба дунё омдааст.

Мақоми додраси Додгоҳи Олӣ дар Амрико яке аз мақомҳои муҳимтарин дар ИМА ба ҳисоб меравад.

Беш аз сад зани эътирозгарро дар Беларус боздошт кардаанд

Эътироз алайҳи ҳукумати Александр Лукашенко дар Беларус

Мақомоти амниятии Беларус рӯзи 26-уми сентябр беш аз 100 занеро аз миёни онҳое, ки алайҳи ҳукумати Александр Лукашенко эътироз доштанд, боздошт кардаанд.

Дар эътирози занон алайҳи ҳукумати Лукашенко даҳҳо ҳазор зан ширкат мекунанд.

Мақомоти интизомии Беларус занҳои боздоштшударо тариқи автобус ба боздошгоҳ бурдаанд.

Дар байни онҳо журналистон низ ҳастанд.

Эътирозҳо дар Беларус пас аз интихоботи президентӣ дар 9-уми августи соли равон оғоз шуд.

Дар интихобот Лукашенкоро, ки 26 сол боз раҳбари ин кишвар аст, бори чандум ғолиб эълон карданд.

Мухолифон Светлана Тихановская, рақиби ӯро пирӯзи интихобот медонанд.

Наздики ду моҳ боз дар Беларус эътироз давом дорад. Эътирозгарон хостори аз қудрат канор рафтани Александр Лукашенко ҳастанд. Лукашекно борҳо изҳор дошт, ки қонунӣ дар сари қудрат қарор дорад ва аз мақомаш канор намеравад.

Насрин Сутуда ба гуруснанишинӣ дар зиндон хотима додааст

Насрин Сутуда

Насрин Сутуда, фаъоли ҳуқуқи башари зиндонӣ дар Эрон, ба гуруснанишинӣ хотима додааст. Ҳамсараш Ризо Хандон рӯзи шанбе тавассути расонаҳои иҷтимоӣ гуфт, Сутуда барои вазъияти ҳассоси саломатӣ ба эътисоби ғизо поён бахшид.

Ӯ рӯзи 11-уми август дар зиндони Эвини Теҳрон эътисоби ғизо эълон кард. Насрин Сутуда эътироз дорад, ки маҳбусони сиёсӣ дар Эрон бо хатари гирифтор шудан ба вируси корона рӯ ба рӯ ҳастанд.

Вайро ба хотири вазъи бади саломатӣ 19-уми сентябр ба шифохона бурданд, вале чаҳор рӯз баъд дубора дар зиндон ҷой карданд, ки ин амал вокунишҳои ҷиддиро дар пай дошт.

Хонум Сутуда дар моҳи июни соли 2018 дар хонааш боздошт шуд Ӯ ба иттиҳоми дифоъ аз маҳбусони сиёсӣ, ки дар байни онҳо занони норозӣ аз ҳиҷоби маҷбурӣ ҳам ҳастанд, ба беш аз 38 сол ҳабс ва 148 шаллоқ маҳкум шудааст. Ӯ бояд 12 соли ҳабсро сипарӣ кунад, то шароити озодӣ бо замонат барояш фароҳам шавад.

Рӯзи мотам дар Украина. Теъдоди қурбониён ба 26 кас расид

Ҳодиса шаби 25-уми сентябр рӯй додааст

Шумори қурбониёни суқути як ҳавопаймои низомӣ дар Украина ба 26 нафар расид. Ҳавопаймои АН-26-и мутааллиқ ба артиши Украина шоми гузашта ҳангоми нишастан дар Харков, минтақае дар шимолу шарқи ин кишвар, суқут кард.

Мақомот гуфтанд, яке аз саринишинон пеш аз нишастан дар мавриди вайрон шудани муҳаррики ҳавопаймо хабар дода буд. Дар аввал гуфта шуда буд, ки ду нафар дар ин ҳодиса захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд, дертар хабари марги яке аз онҳо нашр шуд.

Артиши Украина гуфт, ки бисёре аз қурбониён донишҷӯёни Донишгоҳи ҳарбӣ буданд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, 26-уми сентябрро рӯзи мотам эълон кард ва дастур дод, то поёни таҳқиқи ҳодиса парвозҳои ҳавопаймои АН-26-ро боздоранд.

Зеленский рӯзи шанбе дар ҷойи ҳодиса хостори таҳқиқи пурра дар ин замина шуд ва нахуствазири Украина ҳам дастур дод, то 25-уми октябр гузориши расмиро дар бораи суқути ҳавопаймо пешниҳод кунанд.

Идомаи эътирозҳо ба зидди Александр Лукашенко дар Белорус

Тазоҳурот дар шаҳри Минск, 26-уми сентябри 2020

Рӯзи 26-уми сентябр эътирозҳо ба зидди Александр Лукашенко дар Белорус идома кард. Лукашенко як моҳ пеш худро барандаи интихоботи президентӣ эълон кард, дар ҳоле ки дар бораи тақаллуби афзун дар ин маъаркаи сиёсӣ гузориш шудааст.

Дар тазоҳуроти рӯзи шанбе дар маркази Минск бештар занҳо ҷамъ омаданд. Бино ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, пулиси зидди шӯриш дастикам даҳ касро дастгир кардааст. Дар миёни онҳо Нина Баҳинскаяи 73-сола низ ҳаст.

Бино ба гузоришҳо, тазоҳурот дар минтақаҳои дигари Белорус баргузор шудааст. Ин иқдом пас аз он сурат мегирад, ки Александр Лукашенко рӯзи 23-юми сентябр дар як шароити мармуз савганд ёд кард.

Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтанд, Лукашенкоро ҳамчун раҳбари қонунии Белорус эътироф намекунанд. Тасмиме, ки Русия онро танқид кард.

Светлана Тихановская, ки феълан дар Литва аст ва бисёриҳо ӯро барандаи интихоботи рӯзи 9-уми август медонанд, аз белорусиҳо хост, 27-уми сентябр барои "ҳадафҳои нав, интихоботи ростин ва, дар ниҳоят, маросими қонунии савгандёдкунӣ" тазоҳурот кунанд.

Фавти боз як нафари дигар аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Марги боз як нафари дигар аз коронавируси нав дар Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Вазорати тандурустӣ рӯзи 26-уми сентябр гуфт, шумораи умумии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир дар кишвар ба 75 нафар расид.

Дар шабонарӯзи гузашта 43 мавриди нави сирояти COVID-19 ба сокинон сабт шудааст. Аз охири моҳи апрел то 26-уми сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9605 нафар расида, 8385 кас ё 87,3 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

"Шабонарӯзи охир 97 гумонбар зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", -- гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад.

Аз замони оғози паҳншавии вируси нав дар Чин дар соли гузашта то ҳол бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико теъдоди беморон дар ҷаҳон ба беш аз 32 миллиону 400 ҳазор нафар расида, ҳадди ақал 985 ҳазор нафар аз ин вирус ҷон додаанд. Интизор меравад, ин омор бештар шавад.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 25-уми сентябр гуфт, барои сохтани ваксинаи коромад ба ин вирус ҳанӯз моҳҳо зарур аст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия чӣ гузашт? Шарҳи расмӣ баъд аз ду рӯзи ҳодиса

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26-уми сентябр тасдиқ кард, ки як кормандашро дар дохили бинои сафорат задаанд.

Масъулони сафорат дар баёянияи расмӣ дар Фейсбук гуфтанд, ҳодиса ду рӯз пеш, ҳангоми қабули аризаҳои шаҳрвандон барои баррасӣ ва шомил кардани онҳо ба рӯйхати талабгорони бозгашт ба ватан иттифоқ уфтод.

Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, корманди сафорат ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. "Ҳамлагаронро фавран дастгир карданд ва ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла сабабҳои ҳамларо таҳқиқ доранд", -- гуфта шудааст дар баёния.

Расонаҳои Русия рӯзи 25-уми сентябр гузориш доданд, ки як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон ду корманди сафоратро дар Маскав задааст.

Оҷонси хабарии Маскав навишт, мутахассиси пешбари сафорат ва ронандаи ӯ, ки масунияти дипломатӣ надоштанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа ангушт ва бинии мутахассиси сафорат шикаста, сараш осеб дидааст.

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш навишт, ки кормандони сафоратро барои "дағалӣ" задаанд. Сафорати Тоҷикистон ин фарзияро беасос шумуруд.

Тайи ду моҳи охир талабгорони бозгашт ба Тоҷикистон бо ҳадафи номнавис кардани худ дар назди бинои сафорат дар Маскав ҷамъ мешаванд. Онҳо аз шеваи номнавис ва дарёфти билети бозгашт ба Тоҷикистон норозиянд, ҳарчанд мақомот онро дурусту одилона хондаанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, то ин дам беш аз 45 ҳазор шаҳрванди кишвар ба ватан баргаштаанд. Ба қавли онҳо, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июли имсол барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам бо Русия ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ розӣ шуда буд ва ҳоло мунтазири посухи Маскав аст.

Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Русия аз моҳи март ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус қатъ шудааст.

Қирғизистон қисме аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро 3000-долларӣ ҷарима бастааст

Боздоштгоҳе дар Қирғизистон

Додгоҳи ноҳияи Лайлак дар Қирғизистон 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ба убури ғайриқонунии марз гунаҳкор дониста, ҳар кадоме аз онҳоро ба пардохти 3000-долларӣ ҷарима муваззаф кардааст.

Вакили мудофеи шаҳрвандони Тоҷикистон гуфт, ҳукм дар оғози ҳафтаи ҷорӣ содир шуд. 18 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо айни иттиҳом дар боздошт будаанд.

Парвандаи онҳо бар асоси моддаи 359-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон (убури ғайриқонунии марз) баррасӣ мешавад, ки аз 220 ҳазор то 260 ҳазор сом (2800 – 3300 доллар) ҷарима дар назар дорад.

Ин афрод сокинони шаҳри Ҳисор ва Душанбе буда, се моҳ пеш барои ҷамъоварии шираи камол ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон рафтаанд. На мақомоти Тоҷикистон ва на ҷониби Қирғизистон ҳанӯз дар ин замина тафсилот надодаанд.

Мэлс Абдураимов, вакили мудофеи шаҳрвандони Тоҷикистон, рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз шахсони зери ҳимояташ баъд аз пардохти ҷарима озод шуданд. Вай афзуд, "наздиконашон аз Тоҷикистон пул фиристоданд ва ҷарима пардохта шуд. Сипас, бархе аз онҳо рафтанд."

Бобораҷаб Шералиев, раиси ҷамоати Ҳуснободи ноҳияи Ҳисор, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки чанд нафар аз сокинони боздоштшуда аз Қирғизистон баргаштаанд.

Вакили мудофеъ Мэлс Абдураимов мегӯяд, ин гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар замоне ки марзҳоро барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста буданд, ба ҳудуди Қирғизистон гузаштаанд. "Барои ғайриқонунӣ гузарондани онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон муттаҳаманд ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Онҳо бо машварати кӣ ин корро кардаанд, ҳоло барои тафтишот маълум нест," – шарҳ дод вакил.

Онҳо як кило шираи камолро дар ивази 8 доллар ҷамъ меовардаанд.

Айни замон номи шахсон ё ширкати корфармо маълум нест. Шаҳрвандони боздоштшуда дар суҳбат бо вакили мудофеъ аз корфармо ном набурда, танҳо ишора кардаанд, ки "як ширкати машҳур дар Тоҷикистон аст".

Дар Тоҷикистон танҳо ширкати "Фароз" ва "Мину-фарм" иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро доранд. Хостем пайванди ин ширкатҳоро бо қазияи ҷавонони боздоштшуда дақиқ кунем, аммо як намояндаи пешини дафтари матбуоти "Фароз" гуфт, дар ҳоли ҳозир фаъолият надоранд ва ба муроҷиату номаҳо посух намедиҳанд.

Моҳи июли имсол раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода низ гуфта буд, ки ширкати "Фароз" расман барҳам хӯрдааст, аммо пештар як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳанӯз фаъоланд.

Содироти шираи камол аз Тоҷикистон то соли 2008 озод буд. Шаҳрвандоне, ки ба майдонҳои гиёҳи камол дастрасӣ доштанд, мустақилона онро ҷамъ оварда, бештар тавассути тоҷирони афғонистонӣ ба хориҷа содирот мекарданд.

Вале аз моҳи сентябри соли 2008 ҷамъоварии мустақилонаи шираи камол манъ шуд ва "Фароз" ягона ширкате гардид, ин ҳақро ба даст овард. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам хоста буд, барои ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол барояш иҷозат бидиҳанд, вале соли 2019 ин дархост рад шуд.

Шираи камол аз рустаниҳои шифобахшест, ки барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад.

Имрон Хон бархӯрди ҳукумати Ҳиндро бо мусулмонҳо танқид кард

Мусулмонони Ҳиндустон ҳангоми хондани намози ҷумъа. 31-уми майи 2019

Нахуствазири Покистон гуфт, ки ҳукумати Ҳиндустон “пуштибони нафратангезӣ ва табъиз ба зидди мусулмонон аст”. Имрон Хон рӯзи 25-уми сентябр дар суханронии қаблан сабтшуда ба раҳбарони ҷаҳон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт: "Эҷоди тарс аз ислом дар Ҳиндустон ҳоким шуда ва ҳаёти тақрибан 200 миллион мусулмонро дар ин кишвар ба таҳдид рӯ ба рӯ кардааст." Вай афзуд, ҳукумати Ҳиндустон ба ин бовар аст, ки ин кишвар хос барои ҳиндуҳо аст ва дигарон аз ҳаққи баробар маҳруманд. Раҳбарони Покистон ҳамчунон кӯшишҳои ҳукумати Ҳиндустонро барои бештар сохтани назорат дар минтақаи Кашмир, ки аксарияти аҳолии он мусулмонанд, танқид карданд. Сокинони Кашмири зери назорати Ҳиндустон мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ ҳазорон ҷавонро дар ин минтақа дастгир кардаанд.

Ҳалокати беш аз 20 кас дар суқути ҳавопаймо дар Украина

Ҷойи ҳодиса

Дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои низомӣ дар Украина дастикам 22 кас ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора хадамоти фавқулодаи Украина хабар дод. Ҳавопаймои Ан-26 шоми 25-уми сентябр дар Харков суқут кард. Мақомоти ҳавонавардӣ мегӯянд, дар ҳавопаймо 27 нафар буданд ва то кунун ҷасади 22 нафар пайдо шуда, ду нафар захмӣ ҳастанд. Ҷустуҷӯи се нафари дигар ҳанӯз идома дорад. Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, ки маъмурони наҷот зуд ба ҷойи ҳодиса расида, корро оғоз кардаанд.

Конститутсияи нави Туркманистон ба иҷро даромад

Ҷаласаи маслиҳати халқ ё порлумон дар Туркманистон. Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои расонаҳои Туркманистон, дар он кишвар ҷаласаи маслиҳати халқ баргузор шуд, ки президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов чанд санадро имзо ва ширкатдорони ҷаласа аз онҳо ҷонибдорӣ карданд. Ҷаласаи маслиҳати халқ ё порлумон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа қарор "Дар бораи қабули тарҳи Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Туркманистон" қабул шудааст.

"Барои такмили Конститутсия кори зиёде анҷом шудааст. Аз самими қалб ҳамаи қишрҳои ҷомеаро барои фаъолияташон дар ин самт сипосгузорӣ мекунам", - гуфтааст Бердимуҳаммадов.

Раванди ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Туркманистон тирамоҳи соли гузашта оғоз шуд. Президенти он кишвар пешниҳод карда буд, ки дар Туркманистон тавассути ислоҳоти Конститутсия низоми дупалатаии порлумон ташкил карда шавад.

Шаҳрвандони Туркманистон, ки дар хориҷ зиндагӣ доранд, аз ин тағйирот танқид карданд. Ба бовари онҳо, ин тағйирот бештар ба тақвияти ҳукумат ва шахсияти Бердимуҳаммадов рабт дорад ва салоҳиятҳои ӯро меафзояд.

Дар Туркманистон бори аввал Конститутсия соли 1992 қабул, аммо дар солҳои 1995, 1999, 2003, 2006, 2008 ва 2016 ба он тағйирот ворид карда шудааст.

Эрон сафири Тоҷикистонро дар Теҳрон эҳзор кард

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Эрон

Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба пахши филми “Хиёнат” дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон “шадидан эътироз” кардааст.

Ин вазорат бо нашри изҳороти расмӣ дар сомонааш гуфт, рӯзи 25-уми сентябр сафири Тоҷикистонро дар Теҳрон эҳзор кард ва эътирозашро “нисбат ба иттиҳомоти беасоси ворида ва рафтори ғайримасъулонаи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон” баён намуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодаанд ва дар сурати рӯшан шудани мавқеи онҳо дар ин хабар изофа хоҳад шуд.

Филми “Хиёнат”, иборат аз чанд қисм, тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуда, дар он борҳо ба “кишвари ба мо маълум” ишора шудааст.

Вазорати умури хориҷии Эрон дар хабари расмиаш гуфтааст, “Ҷумҳурии Исломӣ хоҳони равобити дӯстона, бародарона ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил бо Тоҷикистон аст. Аммо истимрор (идома ёфтан)-и ингуна рафторҳо аз сӯи давлати он кишвар хилофи қоидаи равобити дӯстона буда ва давлати Тоҷикистон бояд ба табъоти чунин рафторҳое тавҷеҳ дошта бошад.”

Бино ба ин изҳорот, дар Вазорати умури хориҷии Эрон ба сафири Тоҷикистон гуфтаанд, “Ҷумҳурии Исломӣ интизор дорад давлати Тоҷикистон нисбат ба тасҳеҳи рӯйкарди худ бавижа дар тавқифи таблиғоти дурӯғин алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар телевизиони он кишвар иқдом намояд.”

Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар замина чизе нагуфтааст, Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, дар ҳафтаи ҷорӣ бори дувум аст, ки намояндаи расмии Душанберо дар Теҳрон эҳзор мекунад.

Моҳи август низ ҷониби Эрон дар робита ба пахши филми «Хиёнат” вокуниш карда буд.

Филми «Хиёнат», ки дар поёни он муаллифаш Раҳмат Темуриён ва ҷойи таълифаш шуъбаи филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатии муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ишора шудааст, аз моҳи июн то сентябр бахш ба бахш намоиш дода шуд.

Таҳиягарон дар ин филм ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ ва қатли чеҳраҳои саршинос дар Тоҷикистон ва “кишвари ба мо маълум”-ро ба сармоягузорӣ аз онҳо муттаҳам карданд.

Намояндагони мухолифин дар хориҷа муҳтавои филмро рад карда, изҳороти наздиконашонро дар он маҷбурӣ ва сохта донистанд. Мақомот, баръакс, ҳамвора ба дурустии муҳтавои он таъкид доранд.

Амрико ба Горди миллии Тоҷикистон барои муқобила бо коронавирус 169 000 сомонӣ дод

Сафорати Амрико дар Душанбе барои муқобила бо бемории коронавируси нав ба Горди миллии Тоҷикистон 169 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 17 ҳазор доллар, ёрӣ кард.

Дафтари матбуоти сафорат рӯзи 25-уми сентябр навишт, ёриҳо аз васоили муҳофизатӣ, аз ҷумла ниқоби тиббиву айнак ва ҳароратсанҷу маҳлулҳои беҳдоштӣ иборат аст.

Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, “ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Амрико барои муқобила бо COVID-19 ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 5 миллион доллар кумак кардаанд.”

Сафир афзуд, Амрико аз соли 2002 ба соҳаи амнияти Тоҷикистон беш аз 200 миллион доллар ёрӣ расондааст. Аз ҷумла, соли 2019 барои азнавсозии дидбонгоҳи сарҳадии Оқултун дар Шаҳритус 900 ҳазор доллар додааст.

Дар Аврупо "Бунёди Бузургмеҳр Ёров"-ро таъсис доданд

Бузургмеҳр Ёров

Дар Лаҳистон (Полша) як созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсонро таъсис доданд, ки ба номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров гузошта шудааст.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳайати созмон 10 нафар ҳастанд ва "ба масъалаи маҳбусони сиёсӣ ва сарнавишти маҳбусони, ба истилоҳ, виҷдон, аз ҷумла хабарнигори зиндонӣ Далер Шарифов машғул хоҳанд шуд."

Ёров афзуд, "Бунёди Бузургмеҳр" дар назар дорад, дар оянда натанҳо кумаки ҳуқуқӣ кунад, балки ба наздикони маҳбусони, ба гуфтаи ӯ, сиёсӣ ёрии моддӣ расонад.

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои "таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент" 5 соли дигар изофа кард. Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳеч гоҳ айбҳои эълонкардаи мақомотро эътироф накардаанд ва мегӯянд, парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Ёров ва наздиконаш пештар гуфтаанд, боздошти адвокати шинохта фақат ба хотири ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд. Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ва пеш аз боздошт аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард. Мақомот чунин иддаоро рад кардаанд.

Путин ба ИМА табодули "замонати адами мудохила ба умури ҳамдигарӣ"-ро пешниҳод кард

Президенти Русия Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия ба ИМА пешниҳоди табодули “замонати адами мудохила ба умури якдигарӣ, аз ҷумла ба ҷараёнҳои интихоботӣ”-ро кардааст. Изҳороти мазкур рӯзи 25-уми сентябр дар вебсайти Кремлин нашр шуд ва матни онро тавассути видео вазири хориҷа Сергей Лавров қироат кард. Дар меҳвари изҳороти Путин – пешниҳоди ташкили барномаи барқарор кардани робитаҳои Русия ва ИМА дар бахши амнияти иттиллоти байналмилалӣ мебошад. Лавров дар қироати ин санад гуфт:

“Яке аз чолишҳои стратегии замони имрӯз – хатари пеш омадани ихтилофҳои азим дар бахши рақамӣ мебошад. Масъулияти муҳими пешгирии он ба дӯши бозигарони калидӣ дар бахши амнияти байналмилалии иттилоотӣ аст. Дар ин замина мехостем бори дигар ба ИМА муроҷиат карда пешниҳоди тасдиқи барномаи ҳамаҷонибаи тадбирҳои амалии бозбинии равобити мо дар бахши истифода аз фанновариҳои байналмилалии рақамиро бикунем”.

Ҳанӯз вокуниши ИМА ба ин даъват маълум нест. Путин пешниҳод кардааст, ки хати иртиботи миёни Маскаву Вашингтон “дар заминаи кори марказҳои коҳиши таҳдидҳои атомӣ, гурӯҳҳои вокуниши сареъ ба ҳодисаҳои компютерӣ” ба роҳ монда шавад. Инчунин пешниҳод кардааст, ки созишномаи дуҷонибаи байнидавлатӣ дар заминаи пешгирӣ аз ҳодисаҳо дар фазои иттилоотӣ имзо шавад.

ИМА борҳо Русияро дар фаъолияти харобкорона дар бахши фанновариҳои компютерӣ гунаҳгор кардааст. Ин харобкориҳо аз ҳамлаҳои рақамӣ ба сохторҳои бунёдии Украинаву Гурҷистон, худи ИМА ва созмонҳои байналмилалӣ иборат будааст. Масалан, дар ИМА ҳамлаи интернетӣ ба сервери ҳизби демократӣ дар соли 2016-ро ҳамчун кори рахнагарони марбут ба Русия меноманд. Инчунин Русияро дар роҳандозии таблиғоти сартосарии интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ташкили “фабрикаи ҷавоб” ва нашри хабарҳои дурӯғини зиддиамрикоӣ гунаҳгор мекунанд. Дар миёни сохторҳое, ки эҳтимолан дар ин корҳо гумонбар мешаванд, сарраёсати ситоди кул ва ба истилоҳ оҷонсии таҳқиқоти интернетии марбут ба соҳибкор Евгений Пригожин ном бурда мешаванд. Яке аз иттиҳомоти ҷиддии солҳои охир – дахолати Русия ба интихоботи ИМА мебошад. Дар навбати худ, Русия ҳам ИМА-ро дар мудохила ба интихобот аз роҳи нашри матолиби интиқодӣ дар матбуоти амрикоӣ гунаҳгор мекунад.

Нахуствазири Косово розӣ аст исми кӯле ба номи Трамп гузошта шавад

Ин кӯлро сербҳо Газивода ва косовагиҳо Уйман ном мебаранд

Нахуствазири Косово Абдулло Ҳотӣ аз фикри ба номи президенти ИМА Доналд Трамп номгузорӣ шудани кӯле дар марз бо Сербия пуштибонӣ кард. Ин кӯлро сербҳо Газивода ва косовагиҳо Уйман ном мебаранд. Номи ин кӯл яке аз чандин масоили мавриди ихтилофи назарҳои миёни сербҳову косовогиҳо мебошад. Рӯзи 4-уми сентябр бо миёнҷигии ИМА ин ду кишвар созишномаи оддисозии равобити иқтисодиро имзо карданд. Дар идомаи ин музокираҳо, Ричард Греннел, фиристодаи вижаи президенти ИМА дар музокироти сулҳи сербҳову косовогиҳо тибқи гузоришҳо нимшӯхиву нимҷиддӣ тахмин кардааст, ки ба хотири раҳо шудан аз баҳсҳои дуҷониба исми кӯлро Доналд Трамп гузоранд. Ҳотӣ дар як навиштааш дар Фейсбук рӯзи 24-уми сентябр аз ин фикр ҷонибдорӣ кардааст. https://www.facebook.com/avdullah.hoti/posts/3677066209021373

Ӯ навишт, “пешниҳоди сафир Греннел барои аз Уйман ба президент Трамп иваз шудани номи кӯлро ба нишони арҷгузорӣ ба нақши фавқулоддаи ӯ дар дастёбӣ ба созиши оддӣ шудани равобити иқтисодии миёни Ҷумҳурии Косово ва Сербия, ҳамчун қадами бузург дар созишҳои ниҳоии сиёсӣ, ки бояд бо барасмият шинохтани ҳамдигарӣ анҷомад, истиқбол мекунам”.

Дар канори кӯл аллакай навиштаҷоте бо номи “Кӯли Трамп” пайдо шудааст. https://twitter.com/RichardGrenell/status/1309193794391339008?s=20
Мавқеи мақомот ва мардуми Косово ба ин пешниҳод маълум нест.

Ҳотӣ дар Фейсбуки худ таъкид кард, ки дар Косово аллакай чандин макон ба номи шахсиятҳои маъруфи амрикоӣ гузошта шудааст. Дар ҷанги Косово барои истиқлолият аз Сербия беш аз 10 ҳазор нафар кушта шуд, аксари онҳо албанитаборҳои Косово мебошанд. То ҳол 1600 нафар беномунишон боқӣ мемонанд. Ҷанг баъди 78 рӯзи амалиёти НАТО ба анҷом расид.

Косово, ки аксар сокинонаш албаниҳо мебошанд, соли 2008 истиқлолияти худро эълон кард ва инро бисёр давлатҳои ғарбӣ эътироф карданд. Вале Сербияву муттафиқонаш Русияву Чин инро эътироф накарданд.

Эҳтимолӣ ба зудӣ таҳрим шудани Беларус аз ҷониби ИМА, Бритониё ва Канада

Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб гуфт, ки Лондон дар фикри ҷорӣ кардани таҳримҳои худ нисбати Беларус аст

ИМА, Бритониё ва Канада эҳтимолан базудӣ нисбати мақомоти Беларус, ки дар саркӯби хушунатбори эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми август гунаҳгоранд, таҳримҳо ҷорӣ кунанд. Reuters гуфт, ки таҳримҳо рӯзи 25-уми сентябр, ду рӯз баъди маросими пинҳонии савгандёдкунии Александр Лукашенко эълон мешаванд. Бисёр раҳбарони ғарбӣ ин маросимро “як тақаллубкорӣ” номиданд. Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб рӯзи 24-уми сентябр гуфт, баъди он ки ИА баъди таҳрими Қибрис натавонист Беларусро таҳрим кунад, Бритониё дар ҳамоҳангӣ бо ИМА ва Канада таҳримҳои худро ҷорӣ мекунад. Барои ширкат дар эътирозҳову даъват ба истеъфои Лукашенко садҳо нафар боздошт шуданд ва бисёриҳо аз латукӯбу шиканҷа шикоят карданд. Эътирозгарон мегӯянд, ки натиҷаҳои интихобот ба манфиати Лукашенко тақаллуб шуд.

Қонунгузорони ИМА ва ИА озод кардани зиндониҳои сиёсии Беларусро тақозо карданд

23-юми сентябр, Минск

Садҳо қонунгузор аз Аврупо ва Амрикои Шимолӣ дар номае ба унвонии Александр Лукашенко талаб карданд, ки зиндониҳои сиёсӣ озод карда шаванд. Саркӯбҳои хушунатбори эътирозгарон ва ҳабси садҳо нафар дар паи изҳори норизоияти онҳо бо натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми август, ки дар он Александр Лукашенкоро баранда эълон карданд, мавриди маҳкумияти Ғарб шуд. 270 қонунгузор аз 29 кишвар дар робита бо боздошти Мария Колесникова ва ду узви дигари Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки барои муколама бо ҳукумат ба хотири интиқоли сулҳомези қудрат ташкил шуда буд, изҳори нигаронӣ карданд. Дар изҳорот инчунин аз боздошти Виталий Шкляров, як стратеги сиёсии дорои шаҳрвандии Беларус ва ИМА ҳам изҳори нигаронӣ шудааст, ки ҳамсари як дипломати амрикоӣ мебошад. Қонунгузорон гуфтанд ки онҳо ба тақвияти озодиҳову демократия ва ҳуқуқи башар дар Аврупо ӯҳдадор ҳастанд. Дар баробари ин нафарон ҳоло садҳо нафари дигар барои ширкат дар намоишҳои эътирозии ба қавли мақомот ғайриқонунӣ дар ҳабс мебошанд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон ду нафарро дар дохили бинои сафорат дар Маскав задааст

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Бино ба хабарҳо, як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон дар дохили бинои сафорати кишвар дар Маскав ду нафарро задааст. Ҳодиса рӯзи 24-уми сентябр рух додааст. Мақомоти Тоҷикистон қазияро шарҳ надоданд. Хабаргузории ТАСС рӯзи 25-уми сентябр бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ҳамлавар дастгир шудааст ва ӯро ба вайрон кардани қоидаи будубош дар ҳудуди Русия муттаҳам мекунанд. Оҷонси хабарии Маскав навишт, мутахассиси пешбари сафорат ва ронандаи ӯ, ки масунияти дипломатӣ надоштанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа ангушт ва бинии мутахассиси сафорат шикаста, сараш осеб дидааст. Гуфта мешавад, ронанда ҷароҳати сахт набардоштааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ҳодисаро шарҳ надодааст. Тайи ду моҳи охир талабгорони бозгашт ба Тоҷикистн бо ҳадафи номнавис кардани худ дар назди бинои сафорат дар Маскав ҷамъ мешаванд. Онҳо аз шеваи номнавис ва дарёфти билети бозгашт норозиянд, ҳарчанд мақомот онро дурусту одилона хондаанд.

Мақоми ИА: Лукашенкоро президенти Беларус эътироф намекунем

Жозеп Боррел, раиси сиёсати хориҷии ИА

Дар паи маросими ногаҳонии савгандёдкунии Александр Лукашенко раиси сиёсати хориҷии ИА батакрор гуфт, ки ин ниҳод ӯро ба ҳайси президенти Беларус эътироф намекунад. Дар ҳоле, ки дар Беларус намоишҳои эътирозии сартосарӣ аз натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август идома дошт, ки Лукашенкоро баъди 26 соли раёсатҷумҳурӣ бори шашум президент номид, Лукашенко дар Минск маросими аз пеш эълоннашудаи савгандёдкуниро барпо кард. Аз он замон то кунун ҳама эътирозҳо саркӯб шуда, ҳазорҳо нафар боздошт, садҳо нафар мавриди латукӯби полис ва раҳбарони мухолифон ҳабс шуданд ваё аз кишвар ронда шуданд. Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии ИА гуфт, ки “ин савгандёдкунӣ бо хоҳиши бахши аъзами мардуми Беларус дар ихтилоф аст”. Ӯ афзуд, ки Брюссел ҳамкориҳояшро бо Минск бозбинӣ мекунад.

Судиҷрочиҳо хонаи Навалнийро дар Маскав ҳабс карданд

Алексей Навалний, Берлин

Дар паи он ки мунаққиди Кремлин Алексей Навалний дар баҳси додгоҳии марбут ба тӯҳмат нисбати як соҳибкори наздик ба президент Владимир Путин мағлуб шуд, судиҷрочиҳо дар Русия хонаи ӯро дар Маскав ҳабс карданд. Дар ин бора Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний рӯзи 24-ми сентябр дар Твиттер хабар дод. Ӯ гуфт, замоне, ки Навалний дар ҳолати кома дар беморхона буд, судиҷрочиҳо бо қарори худ хонаи ӯро аз ҳақи фурӯш, тақдим ва амалиёти дигари молӣ маҳрум карданд. Навалний ҳанӯз ҳақ дорад, ки дар ин хона зиндагӣ кунад. Моҳи октябри порсол додгоҳ ҳукм кард, ки Навалний, Бунёди зидди коррупсияи ӯ ва ҳам ҳуқуқшиноси корхонааш Любов Собол дар якҷоягӣ ҷарима дар ҳаҷми 1,15 миллион долларро барои тӯҳмат ба ширкате бо номи “Мактаббачаи Маскав” пардохт бикунанд. Ин ширкат дар як таҳқиқоти созмони Навалний барои риоя накардани меъёрҳои беҳдорӣ, санадҳои сохтакоришуда ва таъмини мактабу кӯдакистонҳо бо ғизои пастсифат интиқод шуда буд. Евгений Пригожин, соҳибкори наздик ба Кремлин, ки бо лақаби “Ошпази Путин” маъруф аст, гуфт, ки қарзи ширкати “Мактаббачаи Маскав”-ро худаш пардохт карда ин маблағро аз ҳисоби Навалний, агар ӯ баъди заҳролудшавӣ ба худ ояд, ҷуброн мекунад.


Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG