Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазораҳо дар Кобул раҳпаймоӣ анҷом доданд


Ҳазорон нафар ақалиятҳои ҳазора 16 май дар Кобул-пойтахти Афғонистон барои як тарҳи интиқоли барқи чанд миллион долларӣ раҳпаймоии эътирозӣ анҷом доданд. Пулис роҳҳои аслиро баст, то эътирозгарон ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ наздик наоянд.

Раҳбарони ҳазораҳо мегӯянд, ки хати интиқоли барқи 500 киловата, ки аз Туркманистон ба Кобул кашида мешавад, бояд аз маркази вилояти Бомиён бигзарад, зеро аҳолии зиёди ҳазора дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд.

Бисёре аз дуконҳои Кобул баста буданд ва дар кӯчаву хиёбонҳо шумораи бештари кормандони пулис ба назар мерасид. Бахши консулии сафорати Амрико дар Кобул ва намояндагиҳои СММ низ баста буданд.

Ин хати интиқоли барқ бояд тибқи нақша аз қаламрави вилояти Бомиён мегузашт, вале ҳукумат тасмим гирифтааст, ки онро аз ағбаи Соланг ба Кобул барад ва аз миллионҳо доллар сарфаҷӯӣ кунад.

Дар Афғонистон 2,8 миллион нафар ҳазораҳо ба сар мебаранд ва аз лиҳози шумораи аҳолӣ дар зинаи севвум ҷой гирифтаанд.

Ба назар гирифта шуда буд, ки ин хати барқ 10 вилояти Афғонистонро бо барқ таъмин кунад ва шабакаи Туркманистону Узбакистон ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон бипайвандад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG