Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керри вориди Саудӣ шуд


Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри вориди Арабистони Саудӣ шуд. Ин кишвар нуқтаи якум дар сафари якҳафтаинаи ӯ ба хотири баррасии роҳҳои хатми низоъҳо дар Либия, Сурия ва Яман аст. Қарор аст, Керри дар Ҷидда бо малики Саудӣ Салмон, валиаҳд, муовини валиаҳд ва вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ мулоқот кунад. Керри шоми 15 май ба Вена рафта, ҳамроҳ бо вазири хориҷаи Итолиё Паоло Гентилона ҳаммизбони нишасти гурӯҳи Либия мешавад. Дар Вена ӯ бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ роҳҳои ҳалли низои Сурияро баррасӣ мекунад. Ҷон Керри аз Вена ба хотири ширкат дар нишасти вазирони хориҷаи паймони низомии НАТО озими Брюссел мешавад. Нуқтаи охири силсиласафари Керри Ветнам аст. Ӯ онҷо бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дидор хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG