Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солона то 2 триллион доллар ришва пардохт мешавад


Кристин Лагард
Кристин Лагард

Кристин Лагард-раиси Сандуқи Байналмиллалии Пул ё IMF мегӯяд, пуле, ки ҳар сол дар саросари ҷаҳон чун ришва пардохт мешавад, аз 1,5 триллион то 2 триллион долларро аст, ки он ду дарсади тавлидоти иқтисодии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

11 май хонум Лагард гуфт, “ришвахорӣ ба иқтисод таъсири харобиовар дорад ва он сабаб мешавад, ки ба бахшҳои маорифу беҳдошт ва баъзе хадамоти дигар, ки табақаи нодори ҷомеа ба он зарурат дорад, камтар маблағ сарф шавад”.

Вай ин нуктаро дар як номаи боз таъкид кардааст ва ин нома як рӯз пеш аз оғози ҳамоиши зиддиришвахории раҳбарон дар Лондон ба чоп расид.

Суистифода аз мақом ба нафъи худ боварӣ ба ҳукуматҳоро аз байн мебарад ва ба меъёрҳои ахлоқии шаҳрвандон осеб мерасонад. Ришвахорӣ ҳам зарари маънавӣ ва ҳам зарари иқтисоливу молӣ дорад.

XS
SM
MD
LG