Дар шаҳри Самоваи ҷануби Ироқ рӯзи якшанбе дар натиҷаи ду таркиш дасти кам 32 нафар кушта ва бештар аз 70 каси дигар маҷруҳ шудааст. Дар ин бора мақомоти қудратӣ ва табибони Ироқ хабар медиҳанд.
Таркиши нахустин нисфирӯзӣ дар як истгоҳи автобусҳо дар маркази шаҳр рух додааст. Баъди панҷ дақиқаи таркиши нахустин дар 400-метрии истгоҳ бомбаи дувум мунфаҷир шудааст. Масъулияи ин таркишҳоро гуруҳи ифротии "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст.
Як рӯз қабл ҳангоми таркиши мошин дар наздикии Бағдод дасти кам 23 нафар кушта шуд. Масъулияти ин таркишро ҳам "Давлати исломӣ" ба зима гирифтааст.
Дар айни ҳол "Давлати исломӣ" чанд ноҳияи суннинишинро дар шимолу ғарби Ироқ зери назорат дорад.