Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон аз фурӯпошии "G7+ Русия” хабар дод


Намояндагони дафтари нахуствазириОлмон ба ин назаранд, ки ҳанӯз заминае барои бозгашти Русия ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи саноатӣ вуҷуд надорад ва чаҳорчӯбаи “G 8” мурдааст”. Дар ин бора шабакаи радиоии “Мавҷи Олмон” бо такя ба рӯзномаи Der Spiegel матлабе нашр кардааст.

Франк-Валтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷии Олмон 10-уми апрел гуфт, ки саҳми сиёсӣ дар ҳалли даргирӣ дар шарқи Украина ва нақши “созанда”-и давомдор дар ҳалли сулҳи Сурия шарти асосӣ барои бозгашти Русия ба ҳайати “Ҳаштгонаи бузург” аст.

Фаъолияти чаҳорчӯбаи “Ҳаштгонаи бузург” баъд аз ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ба охир расид. Аз соли 2014 Бритониё, Олмон, Италия, Канада, Фаронса, ИМА ва Ҷопон бидуни Русия бо ҳам дидор мекунанд.

XS
SM
MD
LG