Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи нигарониҳои хоси мазҳабӣ


Амрико бори аввал Тоҷикистонро барои "маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ" дар феҳристи "кишварҳои нигарониҳои хос"-ҷой додааст. Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбеи 14-уми апрел тасмимаш барои қарор додани Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар дар феҳристи "Кишварҳои нигарониҳои хос"-ро ба иттилои Конгресси он кишвар расонидааст.

Ин матлабро Ҷон Кирбӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико 15 апрел дар нишасти хабарӣ эълон кард. Вай гуфт, ки кишварҳои шомили ин феҳрист Миянмар, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Узбакистон мебошанд ва барои аввалин бор Тоҷикистон дар қатори ин кишварҳо ҷой дода шудааст.

Амрико дар гузашта ҳам гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо унсурҳои бунёдгароӣ дар ин кишвар, мухолифон ва мазҳабиҳоро саркӯб мекунад. Ин нукта дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико дар мавриди мизони озодиҳои маҳзабӣ дар ҷаҳон дар моҳи сентябри соли гузашта низ таъкид шуда буд.

XS
SM
MD
LG