Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавии теъдоди зиёди муҳоҷирон дар Русия


Дар як хобгоҳи назди метрои "Молодежная", дар ғарби Маскав, беш аз 50 муҳоҷири корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон дар натиҷаи хӯрдани гӯшти мурғ заҳролуд шудаанд.

Тавре як намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав 14 апрел ба Озодӣ гуфт, ҳоло намояндагони онҳо дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро маълум хоҳанд кард. Ӯ гуфт, онҳо аз ин ҳодиса аз тариқи расонаҳои Маскав огоҳ шудаанд ва баъд аз тамос бо масъулони хобгоҳ, аз заҳролудшавии даҳҳо муҳоҷирон иттилоъ ёфтаанд.

Торнамои LifeNews низ хабар медиҳад, ки теъдоди заҳролудшудаҳо аз 50 то 60 нафар буда, барои ёрии аввалияи тиббӣ ба ҷои ҳодиса, мошинҳои ёрии таъҷилӣ омада ва бархеро ба беморхонаи наздик бурдаанд ва ба иддае дигар дар маҳалли ҳодиса кумак расондаанд.

XS
SM
MD
LG