Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ вориди шаҳри Хиросима шуд


Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷаи Амрико, барои ширкат дар мулоқоти ҳамтоҳояш аз гурӯҳи G7 ё “Ҳафтгонаи бузург” рӯзи 10 апрел вориди Ҷопон шуд. Ҳавопаймои Ҷон Керрӣ дар пойгоҳи низомии ИМА воқеъ дар ғарби шаҳри Хиросима фруд омад, ки қарор аст мулоқоти вазирони умури хориҷаи "Ҳафтгонаи бузург" дар он ҷо баргузор шавад.

Нишасти сарони G7 охири моҳи май дар шаҳри Симаи музофоти Миэ дар ҷанубу шарқи Ҷопон баргузор мешавад. Яке аз масъалаҳои асосии саммит – таъмини амнияти ҳастаӣ дар ҷаҳон аст.

Ҷон Керрӣ нахустин мансабдори воломақоми амрикоист, ки баъди аз сӯи ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида дар соли 1945 афкандани бомбаи ҳастаӣ болои Хиросима вориди ин шаҳр мешавад. Бар асари таркиши бомбаҳои ҳастаӣ дар шаҳрҳои Хиросима ва Нагасаки тақрибан 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. 156 ҳазор нафари дигар тайи панҷ соли минбаъдабар асари маризиҳои вобаста ба паёмади таркишҳои ҳастаӣ ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG